Моҳи  апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб як қатор вохӯриҳо бо кормандони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла замин, суд, маориф, тандурӯстӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Муъминобод, Фархор, М.С.А. Ҳамадонӣ, Восеъ ва Темурмалик дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъулини мақомот бо маърузаҳо вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баромад намуда, ба иштироккунандагон роҳҳои пешгирии коррупсияро фаҳмониданд.

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ