Моҳи майи соли 2026 дар толори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардида, дар он роҳбарияти факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи номбурда ширкат варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи кормандони Агентӣ ба иштирокчиён муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии кишвар, роҳҳои ошкорсозӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба ин падида ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат фаҳмонида дода шуд.

Дар идомаи чорабини таъкид гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ, дар натиҷаи фаъолияти босамари мақомот бо ҷомеа сар задани ҳолатҳои хусусияти коррупсионидоштаро метавон маҳв кард. Мубориза бо коррупсия вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Маркази матбуоти Агентӣ