Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати тамаддуни халқи тоҷик, бахусус давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омадаанд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Аз баракати заҳмат ва корномаи пурвусъату башардӯстонаи онҳо сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихию фарҳангии миллат ҳифз шуд ва барои инкишофи ояндаи он заминаи муносиб ба вуҷуд омад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихии худ ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад ва ин арзишҳо пайваста барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегарданд.

Дар ин замина набояд фаромӯш сохт, ки бо роиҷ гаштани ислом барои халқи тоҷик равзана ба ҷаҳони дигаре кӯшода шуд. Фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ омезиши рангине пайдо кард ва дар навбати худ арзишҳои таърихии халқи тоҷик фарҳанги исломиро боз ҳам ғанӣ гардониданд.

Доир ба масоили мазкур як нуқтаро қайд кардан зарур аст, ки ҷавонон ва наврасон ояндаи ҳастӣ ба ҳисоб рафта, тақдири Ватану миллат дар дасти онҳо хоҳад буд. Яке аз проблемаҳои доғи рӯз, ки дар ҷомеаи мо байни ҷавонон ба вуқӯъ пайвастааст, ин гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва майл доштани онҳо ба бегонапарастӣ мебошад. Ин ҷо рӯҳи замон ва дунёи имрӯзро дуруст бояд шинохт, то ин масъалаи печидаро ҷавоб дода тавонем. Ду рӯйдодро бояд шинохт, ки бо ҳам бофтаанд ва сабаби бунёдианд, ки ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд ва ба мамлакатҳои дигар барои ҷиҳод мераванд.

Баъзеҳо бар ин назаранд, ки сабаб бесаводии онҳост, баъзеи дигар фақрро сабаб медонанд, ё ҳатто нокомӣ дар ҳаёти шахсиро. Аммо байни ифротиён босаводон ва ҳатто нобиғаҳо кам нестанд. Онҳое ҳам, ки дороии ҳангуфте доранду ҳамаро ба хотири «Ҷиҳод» тарк кардаанд ё дороиашонро дар ин роҳ сарф кардаанд, хеле зиёданд.

Дунёи имрӯз чун ҳама вақт дунёи қудрат ва манфиат буда, мавҷи ҷаҳонишавии имрӯз, ки марказаш давлатҳои сармоядор мебошанд, дар зери шиори «демократия» ба ҷуз куштори мардуми бегуноҳ, ҳаракатҳои хушунатомез ва харобиҳо боз қиссаҳои «Хавф аз Ислом», «Терроризми исломӣ», «Бунёдгароии исломӣ» ва ғайраро паҳн карда истодаанд, ки худ ҳаракатҳои ифротгароро ташкил ва дастгирӣ ҳам мекунанд.

Муборизаи шиддатёбандаи кишварҳои қудратталаб ва сохторҳои гуногуни онҳо барои талоши дастёбӣ ба манобеи ҳаётӣ, стратегии табиӣ ва иқтисодӣ барои ҳама кишварҳо ва халқҳо хатари рӯзафзун дорад.

Ин хавф барои кишварҳои исломӣ бештар ва возеҳтар аст, зеро ин кишварҳо дорои захираҳои азими табиӣ буда, дар нуқтаҳои ҳассоси геополитикӣ ва геостратегии дунё ҷо гирифтаанд. Дар ҷаҳони муосир ба таври куллӣ ҳеҷ кишваре бе пуштибонӣ аз манфиатҳои худ кишвари дигареро дастгирӣ ва кӯмак нахоҳад кард.

Боиси таассуф аст, ки солҳои охир баъзе ҷавонони мо тамоюл ба фарҳанги бегонапарастиву тундгароӣ доранд. Лекин агар ба таърихи гузаштагонамон назар кунем, аҷдодонамон, ки ориёитабор буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ фарҳанги арабгароиву туркгароиро қабул надоштанд, ҳатто агар онҳоро мавриди уқубат ва шиканҷаи ҷисмонӣ қарор медоданд. Аз диду назари коршиносон бармеояд, ки аксари ҷавононе, ки ба равияҳои гуногуни тундгароӣ мепайванданд, чунин шахсон дониш ва тарбияи хуби ахлоқӣ надоранд. Дар воқеъ ин фазоест, ки ҳар рӯз куштор аст, ҷангу даргирист ва гурӯҳҳое дар ин кор сармоя ҷамъ мекунанд ва шаҳрвандоне, ки ба ин воқеият ва ин фазо дохил мешаванд, танҳо дар фикри «наҷот дар охиратанд».

Дар ин замина бо дарназардошти ин таҳдидҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомезро, ки замина барои паст кардани сатҳи терроризм мегузорад, ҳамчун як ташаббуси муҳими Созмони Миллали Муттаҳид барои мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ шинохта, ҳар сол 12 феврал таҷлил гардида, ҳадаф дорад, ки огоҳии ҷомеаро аз хатарҳои экстремизми хушунатомез афзоиш диҳад ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти пешгирии он тақвият бахшад.

Барои аз байн бурдан ва коҳиш додани ҳаракати экстремизми хушунатомез бо ташаббуси собиқ Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун соли 2016 сарчашмаи ин фаъолиятро ба СММ пешниҳод намуд, ки ин ягона ҳуҷҷати ба расмият даровардани амал барои экстремизми хушунатомез миёни давлатҳои узв асос ёфт. Бо  назардошти замина гузоштани ҳуҷҷати мазкур соли 2022 Маҷмааи умумии СММ бо Қатъномаи 77/243 расман 12 февралро ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез эълон кард.

Бояд зикр намуд, ки ин Қатънома масъулияти асосии давлатҳои узвро дар мубориза бо терроризм ва пешгирии экстремизм масъул меҳисобад. Барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм лозим аст, ки тамоми ҷомеа ва давлатҳо фаъолияти худро якҷоя ба роҳ монанд.

Пеш аз ҳама, бояд сабабҳои аслии терроризмро шиносоӣ намуда, барои бартараф кардани онҳо чораҳои муассир андешид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм қадамҳои муҳими сиёсӣ ва амалӣ мегузорад. Ҳукумати кишвар тавассути тақвият додани низоми амниятӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани барномаҳои пешгирӣ аз идеологияҳои тундрав кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фазои осоиштаро дар кишвар таъмин намояд.

Дар ин росто аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм (ифротароӣ)» ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Стратегияи муқовимат ба эктсремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо метавонад шаҳодати гуфтаҳои боло бошанд.

Бояд зикр намуд, ки Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез ҳамчун платформаи муҳим барои муттаҳид кардани кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо ин таҳдидҳо нақши муҳим мебозад. Тавассути огоҳӣ, ҳамкорӣ ва чораҳои илмӣ мо метавонем барои коҳиш додани терроризму экстремизм шароити мусоид фароҳам оварда, дар ҷомеа ва кишвар сулҳи пойдорро таъмин созем.

Аз ин рӯ, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифатро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳурот бохабар буда, бар зидди терроризму экстремизм муқовимат намоянд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷавононро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб хоки аҷдодии кишвари азизамонро ҳифз намоянд ва барои мубориза алайҳи терроризму экстремизм бо роҳу усулҳои самарабахш омода бошанд.

Дар тамоми вазъу ҳолат мо шаҳрвандони ин марзу буми муқаддас ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва доимо пайрави мактаби бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бошем.