Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи ду ҷашнвораи муҳим, яъне 33 - солагии “Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нуҳумин солгарди таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор доранд.
Албатта, дар як рӯз иттифоқ афтодани таҷлили ин ду ҷашнвора тасодуфӣ набуда, балки ба тақдири миллати тоҷик пайвастагии мустақим дорад.
Агар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 - уми ноябри соли 1992 баргузор гардид, ба ҳайси рамзи зиндаи Ваҳдат ва давлатсозӣ нахустин лаҳзаи интихоби сарвари давлатро инъикос ва ба сулҳи абадии тоҷикон поя гузошта бошад, пас 16 - уми ноябри соли 1994 рӯзи савгандёдкунӣ ва дар мансаби президентӣ ба фаъолият шурӯъ кардани нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин шакли идоракунӣ дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр пешбинӣ шуда буд, маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо - ҳамкасбони муҳтарам ба муносибати таҷлили ин ду рӯйдоди тақдирсози давлату миллат, ки аз рӯи ҳикмати таърихии давлатдориамон дар як сана таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, хонаи обод, хушбахтиву пирӯзӣ, табъи болида ва дар фаъолияти масъулиятнокатон барору комёбиҳоро таманно дорам.
Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, 16 - уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ин рӯйдод дар воқеъ беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар буд.
Ҷиҳати танзими муносибатҳои нав ва ба эътидол овардани вазъи ҷойдошта асноди ҳуқуқие, ки дар раванди Иҷлосияи мазкур қабул гардид, дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.
Дар воқеъ, ин Иҷлосия аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон арзиши баробар дорад, зеро агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16 - ум ҳамин давлатро аз хатари барҳамхурӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.
Иҷлосия аз 16 - ноябр оѓоз гардида то 2 - декабри соли 1992 идома ёфт ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид ва дар баробари ин, дар раванди Иҷлосия муқаддасоти миллии мо - Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсози миллат бо овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардумии кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сарвари давлат ба он кас дода шуд.
Ба уҳдаи сарвари давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид ва шурӯъ аз ҳамон Иҷлосия сарвари нави давлати мо фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ҷасуру матинирода - Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромаданд.
Бо шунидани нахустин суханҳои самимию умедбахш ва қатъии Эмомалӣ Раҳмон дар чеҳраи аҳли толор, ки руҳафтодаю маъюс буданд, шарораи умед дурахшид, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд овард ва эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшон такон дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки:
- «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам.
Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.
Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Пешвои миллат ҳанӯз дар раванди баргузории ин Иҷлосияи тақдирсоз, бинобар хусусияти ояндабинии ҳаёти ҷомеаро доро будан, аз рӯи қобилияти фитрӣ ва фавқулодаи таҳлилгарӣ бо дарки арзиши баланд доштани он таъкид карда буданд, ки:
- «Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем.»
Албатта, оиди ин рӯйдоди таърихӣ олимон асарҳои зиёде таълиф намудаанд ва агар хулоса карда шавад, гуфтан мумкин аст, ки дар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон, ки кафили пешрафти Тоҷикистони азиз маҳсуб меёфт, гузошта шуд ва маҳз аз ҳамин хотир Пешвои маҳбуби миллат борҳо ба такрор таъкид доштаанд, ки дастоварди бузургтарини моро на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард ва бобати ҳамин Иҷлосияи тақдирсози миллат баён дошта буданд, ки:
- «Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастурхонашро пурфайз кард».
Аз таҳлилу хулосаҳои олимони соҳаи сиёсат маълум мегардад, ки дар меҳвари шаклҳои идоракунии давлатдорӣ, ки он боиси писанди афкори аксари сокинони давлатҳои сайёра гардидааст, беҳтарин василаи идораи давлат - шакли идоракунии президентӣ ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат институти мазкур ба ҳайси як низоми мутамарказ, ягона, мураттабшуда ва сариштаёфта, яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳимми давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар ин ниҳоди сиёсӣ «Президент» шахси мансабдори олӣ, сарвари ягонаи давлату ҳукумат дониста мешавад.
Аз ин боис, дар шакли «Ҷумҳурии Президентӣ» қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯза маҳсуб ёфта, чунин шакли идора барои давлати тозаистиқлоли мо, дар баробари наҷоти давлату миллат, ҳамзамон яке аз омилҳои асосии рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Тибқи муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент - Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия маҳсуб ёфта, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои онҳо ва риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Дар иртиботи меъёри мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат рамзи давлат, баёнгари ягонагии он, нигоҳдорандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ, ҳамгироии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва қувваи марказии ҳалкунандаи масъалаҳои умдатарини дохилию хориҷии давлат мебошад.
Маҳз аз ҳамин хотир, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни қадршиносию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионӣ онҳоро ҳимоя ва ҳифз менамояд.
Воқеан новобаста аз он ки таҷлили «Рӯзи Президент» чун як рамзи давлатдорӣ ба хотири қадрдонию арҷгузорӣ ба «Ҳокимияти Президентӣ» алоқамандӣ дошта бошад ҳам, вале ҳақиқати воқеӣ дар он ифода меёбад, ки кулли мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар баробари ба ёд овардани «Рӯзи Президент», пеш аз ҳама симо ва шахсияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои маҳбуби миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмату заҳматҳои бузурги ин абармарди таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаро дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши назар меоранд.
Пайвастагии ногусастанӣ доштани мафҳуми истилоҳи «Президент» бо шахсият ва заҳмату хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат дар он зоҳир мегардад, ки агар дар таърихи миллати мо институти шакли идоракунии «Ҷумҳурии Президентӣ» дар нахустин Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ ва муқаррар шуда бошад, пас муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Президенти давлати тозабунёди мо ҳастанд, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи даврони навин аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб карда шуданд ва шахсияту симои сиёсии мавсуф дар тӯли ин солҳо дар пеши назари халқу миллат давра ба давра ва пайваста ташаккул ёфтааст.
Ҳоло ҳар як сокини ин сарзамин ва кулли тоҷикони ҷаҳон ба хотири хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва муҳаббати самимие, ки Пешвои муаззами мо ба ин халқу миллат ва садоқате, ки ба ин Ватан доранд, дӯст медоранд ва дар азамати шоистагию сазоворӣ ба ин шахсият эҳтироми хоса мегузоранд.
Имрӯз халқи тоҷик бо арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи давлати тоҷикон, бунёди низоми давлатдории миллӣ, барқарории сулҳ ва сарҷамъ кардани миллат, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, таъмини рушди бемайлони сиёсию иқтисодӣ, таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон ва ҳазора хизматҳои шоёни дигаре, ки барои мардуми ин сарзамин анҷом додаанд, мавсуфро бо қабули қонуни конститутсионӣ ба ҳайси фарзанди фарзонаи халқи тоҷик - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат унвон доданд, то ки ҳаёту хизматҳои чунин сарвари бохирад ва оқилу доноро барои худ намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба халқу Ватан, намунаи олии мардонагӣ дар вафо ба қавлу амал дониста, дар кору зиндагӣ ба Пешвои худ пайравӣ намоянд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як сокини ватандӯсти Тоҷикистони азиз аст, ки имрӯз Президенти кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун шахсияти таърихӣ - дорандаи ҳадафҳои олӣ ва ташаббускори чандин масъалаҳои глобалии минтақавию ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.
Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ», аввалин иқдоми сарони давлатҳои минтақа маҳсуб ёфта, ин рӯйдоди таърихӣ далели гуфтаҳои боло ва нишонаи арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҳақиқат хизматҳои шоистаи ин абармарди таърихсоз ба ин Ватан ва ба ин халқу миллат, шурӯъ аз интихоб шудан ба ҳайси сарвари давлат то ба имрӯз ва минбаъд низ баѓоят зиёданд.
Имрӯз Пешвои маҳбуби миллат бо талошҳои пайваставу хастанопазири худ Тоҷикистонро на танҳо ба як кишвари ободу зебо, устувор ва рушдёфта табдил доданд, балки бо меҳру муҳаббати самимӣ ва эҳтироми беандозаю арҷ гузоштан ба таърихи пурѓановати миллати хеш ин кишварро ҳамчун макони меҳру муҳаббат ва дӯстию бародархондагӣ, сулҳ ва Ваҳдати миллӣ муаррифӣ намуданд.
Дар воқеъ бо гузашти асрҳо ва давраҳои бузурги таърихӣ мардум ба шахсиятҳои давлатӣ, фарзандони фарзонаи миллати хеш аз рӯйи хизматҳои беназирашон ба халқу Ватан ва рушди давлату давлатдорӣ баҳогузорӣ карда, ба ҳеҷ ваҷҳ хизмату саҳми мусбии абармардонашонро, ки онҳо дар ташкилу ташаккули давлаташон гузоштаанд, фаромӯш намекунанд.
Дар ҳамин раванд, хизматҳои шоёну саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлоли тоҷикон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар дилу дидаи наслҳои имрӯзу фардо ба ҳайси маҳбуби дилҳо ва Пешвои раҳнамою меҳнатдӯст, хирадпешаву меҳрубон, донишманду фарҳангсолор ва ватандӯсти асили миллати тоҷики тоҷдор ва соҳибтамаддун асрҳои аср боқӣ хоҳад монд.
Тавре дар боло ишора намудем, имрӯз мо дар арафаи таҷлили ду ҷашн, яъне 33 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нуҳуми таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорем ва дар ин раванд ҳамаи шаҳрвандони кишвари азизамонро бо ин ду ҷашни фархунда самимона муборакбод намуда, зимнан барои Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу суботи ҳамешагӣ ва гулгулшукуфоии ҷовидона ва ба Пешвои маҳбуби миллатамон, ки тамоми умри пурбаракоти худро барои хушбахтии ин миллат, ободии ин сарзамин ва пешрафти Тоҷикистони азиз нисор намуданд, умри дароз, саломатии бардавом ва ҷиҳати анҷоми ҳадафҳои олиашон комёбиҳои беназирро сидқан таманно менамоем.
Маркази матбуоти Агентӣ.