Бо қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи
Ҷумҳурии Точикистон аз ____ апрели соли 2026, №__ тасдиқ шудааст.
НАҚШАИ
кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026
|
р/т |
Вазифаҳо |
Муҳлати иҷро |
Иҷрокунандагон |
|
|
Мавриди таҳлил ва санҷиши интихобӣ қарор додани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷрояи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳия ва ба муҳокимаи ҷаласаи навбатии Шӯро пешниҳод намудани натиҷа он |
апрел -декабри соли 2026 |
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳия |
|
|
Тақвият бахшидани фаъолияти махзани маълумот дар бораи шахсоне, ки ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқамандро содир намудаанд ва ба низом даровардани раванди пешбурди ҳисоботҳои оморӣ дар ин самт |
июли соли 2026 |
Прокуратураи генаралӣ ва дигар субъектони бевосита бо коррупсия муқовиматкунанда |
|
|
Бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бархӯрди манфиатҳо» |
сентябри соли 2026 |
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҷалби шарикони рушд |
|
|
Бо таъсис додани гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи хабаррасонҳо» |
сентябри соли 2026 |
Вазорати корҳои дохилӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҷалби шарикони рушд. |
|
|
Коркард ва роҳандозии Низоми арзёбии рейтингии самаранокии фаъолияти зидикоррупсионии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва субъектони хоҷагидоре, ки саҳми давлат дар онҳо аз нисф зиёд мебошад
|
то ҷамъбасти соли 2026 |
Агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти алоқа, Эътилофи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия |
|
|
Баргузор намудани маҷмӯи чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ вобаста ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) |
апрел- июни соли 2026 |
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар вазорату идораҳо |
|
|
Таъмини иҷрои талаботи бандҳои 11 ва 26 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) |
то ҷамъбасти соли 2026
|
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва вазоратҳои тандурустӣ ва иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
|
Ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ намудани тақсимоти электронии парвандаҳо дар Суди ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва аз натиҷа бо ҷамъбасти сол бо назардошти пешрафту камбудиҳои ҷойдошта пешниҳоди маълумоти таҳлилӣ ва асоснок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
давоми соли 2026 |
Суди Олӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Бо мақсади муқаррар намудани сатҳи коррупсия ва таъмини шаффофияти фаъолият гузаронидани тадқиқоти сотсиологии соҳавӣ |
давоми соли 2026 |
Маркази тадқиқоти стратегӣ, вазоратҳои маориф, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд |
|
|
|
Тақвият бахшидани тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда |
Мунтазам |
Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар |
Эзоҳ: Назорати ҷараёни иҷрои чорабиниҳо ба зиммаи Котиботи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.