Моҳи августи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар Қасри фарҳанг ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ бо иштироки раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сокинони фаъоли ноҳияи Айнӣ конференсия дар мавзӯи «Моҳият ва таъиноти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ташкил ва бургузор карда шуд.      

Дар чорабинии доиргардида масъулини мақомот вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия, сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим, таълиму тарбияи кӯдак, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ дигар иштирокчиён низ дар мавзӯҳои мухталиф баромад намуда, дар фарҷоми он байни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар маҷмӯъ конференсия дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррурсионӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ