Моҳи апрели соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои самти муқовимат ба коррупсияи мақомот машғулияти омӯзиши дар мавзӯи: «Омӯзиши мазмун ва муҳтавои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 - марти соли 2026, №1145 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» баргузор гардид.

Зимни машғулият ба иштирокчиён мазмун ва моҳияти Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) муфассал фаҳмонида шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин барномаи муҳимми давлатии зиддикоррупсионӣ равона созанд.

Маркази матбуоти Агентӣ