Аз 28 то 30 апрели соли 2026 бо ташаббуси Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия Россия мизи мудаввар гузаронида шуд, ки дар рафти он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ташкил карда шуда, дар рафти он масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар муқовимат ба коррупсия, мубориза бо шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, баргадонидани дороиҳои коррупсионӣ, тафтиши пешакии ин гуна ҷиноятҳо ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуда, байни иштирокчиён атрофи масъалаҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баррасии масоили муқовимат ба коррупсия, мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, табодули таҷрибаҳои беҳтарин ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ мегардад. 

Маркази матбуоти Агентӣ