Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда, ки он аз 20 то 23 майи соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Чорабинӣ барои таҳким бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва муайян намудани чораҳои муосири муқовимат ба коррупсия равона гардида, дар рафти он зиёда аз 120 намояндагони мақомоти зиддикоррупсионӣ аз 92 кишварҳои дунё иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа аз фаъолияти Шабака дар давраи соли 2024, корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои ноилгашта, таҷрибаҳои пешақадам ва чораҳои муассир дар самти муқовимат ба коррупсия, ҳамкориҳои ҷойдошта байни аъзоёни Шабака, роҳҳои тақвияти робитаи ҷонибҳо, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Шабака ва чораҳои ҳалли он натиҷагирӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар маҷмӯъ чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузаронида шуда, бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои мустаҳкам кардани робитаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ