15 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои воҳидҳои маҳалливу минтақавии мақомот, инчунин узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», номзади илмҳои сиёсатшиносӣ - Абдуллоҳи Раҳнамо бахшида ба таҷлили 33 - солагии «Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ, ворид намудани парчами давлатӣ ва баъдан тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатӣ доир ба фаъолият ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ оғоз гардид.

Зимнан директори Агентӣ – Султонзода Сулаймон Саид ҳозиринро бо ин рӯзи таърихӣ табрику шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокашон барору комёбиҳоро таманно намуданд. Қайд гардид, ки тибқи муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент - Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия маҳсуб ёфта, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои онҳо ва риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Дар иртиботи меъёри мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат рамзи давлат, баёнгари ягонагии он, нигоҳдорандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ, ҳамгироии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва қувваи марказии ҳалкунандаи масъалаҳои умдатарини дохилию хориҷии давлат мебошад.

Воқеан новобаста аз он ки таҷлили «Рӯзи Президент» чун як рамзи давлатдорӣ ба хотири  қадрдонию арҷгузорӣ ба «Ҳокимияти Президентӣ» алоқамандӣ дошта бошад ҳам, вале ҳақиқати воқеӣ дар он ифода меёбад, ки кулли мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар баробари ба ёд овардани «Рӯзи Президент», пеш аз ҳама симо ва шахсияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои маҳбуби миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмату заҳматҳои бузурги ин абармарди таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаро дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши назар меоранд.

Дар идомаи чорабинӣ узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», номзади илмҳои сиёсатшиносӣ - Абдуллоҳи Раҳнамо доир ба мавзӯъ суханронӣ намуда, кормандони мақомотро бо ин рӯзӣ фархунда табрику муборакбод намуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ дар робита ба таҷлили ҷашнвораи муҳими кишвар як қатор кормандони мақомот бинобар саҳми арзанда гузоштан дар баргузории ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои ИДМ бо медали ҷашнии Шӯрои зикргардида қадрдонӣ карда шуданд.

­Ғайр аз ин, дар тамому раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии мақомот бахшида ба ин ҷаҳни пуршукӯҳ ҷаласаҳои тантанавӣ доир карда шуданд. 
Маркази матбуоти Агентӣ