26 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ҷамъомад баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ муовини якуми директори Агентӣ – Расулӣ Б. қайд намуданд, ки воқеан «Паём»-и роҳбари ҳар кишвар ҳуҷҷати расмии давлатиест, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ моҳияти роҳнамоӣ дорад ва аз ин нуқтаи назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайси як санади муҳимми ҳуқуқӣ дар роҳи беҳбудбахшии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, тамоми ҷанбаҳои зиндагии ҷомеа мақому манзалат ва нуфузу эътибори бештарро доро мебошад.
Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар қиёси паёмҳои солҳои қаблӣ саршор аз таклиф ва ғояҳои оқилонаву созанда буда, хусусияти асосии он дар он ифода меёфт, ки Паёми имсола рӯҳияи созандаву иноватсионӣ дошта, силсилаи пешниҳодҳои ҷиддии муосир, чун рушди технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, рушди босуръати саноатикунонии кишвар ва ғайраро дар бар мегирифт.
Воқеан Паёми Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тақдирсоз дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистони азизамон маҳсуб ёфта, дастуру ҳидоятҳое, ки дар назди ҳар як соҳа гузоштанд, бояд чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманди соҳаи муайян бошад ва ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Дар охир қайд карда шуд, ки мо бояд аз фазои осудаи кишвар, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд саҳмгзор бошем.
Маркази матбуоти Агентӣ