5 июни соли 2026 бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳити зист» дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аксияи тозагӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар рафти он кормандони мақомот саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои хизматиро аз партовҳои гуногун тозаву озода намуда, дарахтони ороишӣ ва сояафканро обёрӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти кишвар, таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти Агентӣ