Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия санаҳои 1 ва 2 июни соли 2026 бо ташаббуси воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Нуробод, инчунин дар Қисми ҳарбии №01123 Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ суҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои барпошуда, доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуда, дар рафти онҳо аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ироа гардиданд.
Дар идомаи чорабиниҳо қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи ниҳоди давлатӣ набуда, дар ин раванд бояд ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд ва танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта, баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Маркази матбуоти Агентӣ