Моҳи апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» ва қисмҳои ҳарбии №0411 ва №0445 раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ сӯҳбату вохӯриҳо ташкилу баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун  ширкат варзиданд.

Дар чорабиниҳои барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори даст задан ба қонуншиканиҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбутро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Маркази матбуоти Агентӣ