28 апрели соли 2026 дар асоси Нақша - чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Китобхонаи маҷмӯи марказонидашудаи шаҳри Хоруғ бо иштироки доираи васеъи кормандон Китобхона вохӯрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини раёсати Агентӣ ба самъи иштирокчиён оид ба моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) расонида шуд.

Маркази матуботи Агентӣ