13 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Маркази саломатии шаҳрии №4-и шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳа вохӯрӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
Дар чорабинии барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори даст задан ба қонуншиканиҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои алоқамандро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён нақши муҳим мебозад.
Маркази матбуоти Агентӣ