Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Абдуллозода А. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд кор ва фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакорӣ зад.

Чунончи, Абдуллозода А. қасди тасарруф намудани маблағҳои буҷетиро бо роҳи азонихудкунӣ назди худ пеша карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари раёсати болозикр Баротов Р.Ҷ., шаҳрванд Раҳматуллоев Д.Д. ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ амал намуда, аз маблағи 13 117 560 сомонии аз ҳисоби буҷет барои беҳтар намудани вазъӣ мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд дар давраи солҳои 2023-2024 ҷудошуда, бо роҳи сохтакорӣ намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҷамъ маблағи 4 386 258 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абдуллозода А. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар рафти тафтиши пешакӣ бо андешидани чораҳои мурофиавӣ зарари ошкоршуда пурра ба давлат барқарор гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ