Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин  18.05.2023

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин аз руи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади нав имзо шуд;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ;

- Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба қабули таҷҳизоти экспертизаи судию тиббии муайян намудани ДНК;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иттилоотии Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Созишнома дар бораи расонидани кӯмаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба тавсеаи амиқи иқтисодию тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин

- Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мардумии Чин оид ба ҷустуҷӯ ва наҷоти ҳавопаймоҳои гражданӣ;

- Протоколи тасдиқи рӯйхати лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ҷиҳати маблағгузорӣ барои солҳои 2022-2023 байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Нақшаи чорабинӣ роҷеъ ба амалигардонии Созишнома оид ба истиқрори бародаршаҳрӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2025;

- Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Вейнани вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи истиқрори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Созишнома дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои табодули дӯстона байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботҳои фитосанитарӣ ҳангоми содироти ангури тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, тарафҳо 11 санади ҳамкориҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму технология, васоити ахбори омма, молия, техникӣ ба имзо расониданд:

- Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2025;

- Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкориҳои таълимӣ ва илмию техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунтсии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;

- Созишномаи қолабӣ байни ҶСК “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Чин;

- Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин дар бораи таъсиси Пажӯҳишгоҳи муштарак дар доираи иқдоми “як камарбанд як роҳ” оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ;

- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ техникӣ дар соҳаи геология байни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази корҳои геологӣ иктишофии Сиани Хадамоти геологии Чин;

- Созишномаи иловагии №5 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати “CNPC CENTRAL ASIA B.V” ва ширкати “TOTAL E&P TAJIKISTAN B.V” ба Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “KULOB PETROLEUM LIMITED” ;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест”;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази “Zhongguancun Smart City co., Ltd” ва Ширкати “Huawei Technologies Tajikistan” оид ба бунёди Маркази миллии коркарди маълумотҳо (Data Center) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи аксҳои моҳворавӣ байни Маркази инноватсия ва рушди илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази назорати фосилавии замини Вазорати захираҳои табии Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Ҳамин тавр, дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмуъ 25 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин   18.05.2023

18 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти якуми сарони давлатҳо дар ҳамоиши сатҳи баланди “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки равобити ду кишвар босуръат рушд карда, намунаи равшани ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ ба хотири сулҳу субот дар минтақа мебошад.

Сарвари давлат аз дастгирии Ҳукумати Чин ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтор, аз қабили тарҳҳои стратегӣ дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва саноат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисоди сабз ва рақамӣ, инфрасохтор, электроэнергетика, сохтмону азнавсозии неругоҳҳои барқии Тоҷикистон ва бунёди хатҳои интиқоли барқро муҳокима намуданд.

Ҷалби технологияи муосир ва истифодаи таҷрибаи Чин дар рушди саноати миллӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, таъсиси ширкатҳои муштарак дар ин самт, иштироки корхонаҳои чинӣ дар ташкили паркҳои саноатӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Вобаста ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаи таҷдиди ширкати алюминии тоҷик Талко чораҳои муштараки заруриро амалӣ созанд. Инчунин, барои бо мақсади татбиқи лоиҳаи роҳандозии истеҳсол ва таркиби электромобилҳо дар Тоҷикистон иқдомҳои лозимаро амалӣ намоянд.

Таъкид шуд, ки ҷорӣ намудани технологияи муосири чинӣ доир ба  парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, сабзавот ва мева метавонад ба манфиати ҳарду ҷониб кор кунад.

Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон аз пешниҳоди таъсиси долони иқтисодии Чин - Тоҷикистон - Афғонистони Шимолӣ ҷонибдорӣ карда, дар ин росто муҳим мешуморад, ки лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Варшез дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи Қулма-Қарасу ва таҷдиди гузаргоҳи Қулма-Қарасу таҳия ва татбиқ карда шавад. Ин иқдом аз ҷониби роҳбари Чин мусбат арзёбӣ гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои барқарор кардани хатсайри ҳавоии Душанбе-Пекин, робитаҳо дар самти пешрафти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф ва афзоиши шумораи бурсияҳои таҳсилотии Чин барои Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ҷонибҳо дар чаҳорчуби ҳамкорӣ дар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, пурзӯр кардани талошҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурданд.

Бинобар вазъияти ноором дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ва зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва суббот, ҷонибҳо густариши ҳарчи зичтари сохторҳои марбутаи тарафайнро дар ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.

Дар рафти мулоқот аснои баррасии масоили глобалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим таъкид гардид.

Дар анҷоми музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Даъват бо хушнудӣ қабул гардид ва таърихи сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад гардид.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян

Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян  17.05.2023

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тайи даҳ соли охир равобити шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ба сатҳи сифатан нав баромад ва ин муносибатҳо намунаи ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ мебошанд.

Таъкид гардид, ки муомилоти молӣ байни кишварҳо мунтазам афзуда, соли гузашта афзоиши он қариб 40 фоизро ташкил дод. Ин имкон медиҳад, ки ҳарду давлат дар ояндаи наздик ҳачми тиҷоратро назаррас зиёд намоянд.

Дар рафти мулоқот масоили робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ амри муҳим маънидод гардид.

Дар ин зимн, зарур шумурда шуд, ки масъалаи марбут ба додани иҷозат барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Чин ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд.

Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Оғози сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин   16.05.2023

16 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ дошт.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок мекунанд.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва

Боздид аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва  09.05.2023

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба боздид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён ва техникаи низомӣ иштирок карданд.

Баъди анҷоми расми паради низомӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги харобиовари солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ

Иштирок дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ   25.03.2023

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 иштирок карданд.

Нахуст тибқи муқаррароти маросими пӯшидашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд Эвелин Вевер-Крус ба ҳайси раисони Конфронс дар минбари асосӣ ҷойҳои худро гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Раиси Маҷмаи Умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ - 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) хонум Катерин Рассел

Мулоқот бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) хонум Катерин Рассел   25.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Катерин Рассел мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид давоми 30 соли шарикӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат ва фарогир, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдакро яке аз самтҳои муҳими робитаҳои муштараки босамар арзёбӣ намуданд.

Мудирияти захираҳои об ва ҳамзамон татбиқи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мутобиқат мекунад, аз ҷанбаҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ

Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ   24.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.

Зимни мусоҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқдомоту талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла дар масъалаҳои тадорукотии баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои асосии пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол таҷлил кардани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, омодагии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, андашеронӣ карданд.

Дар идомаи мусоҳиба таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаҳои қаблӣ исбот карданд, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.

Дар ҷараёни суҳбат хабарнигорони телевизиони Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин оид ба талошҳову ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва таъсири офатҳои табиии вобаста ба обу иқлим ба иқтисоди кишварҳо, самтҳои афзалиятноки фаъолият, инчунин сиёсати хориҷии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Саволи 1. Ҷаноби Олӣ, пеш аз ҳама, Шуморо бо оғози муваффақонаи Конфронси таърихии Созмони Милал оид ба масъалаҳои об, ки кишвари Шумо онро мизбонӣ мекунад, табрик менамоям. Луфтан, мегуфтед, ки ин Конфронс аз кадом ҷиҳат муҳим аст ва он аз дигар ҳамоишҳо дар масъалаҳои об чӣ фарқият дорад? 

- Ташаккури зиёд барои табрикатон. Шумо дуруст зикр кардед, ки    Конфронси мазкур таърихӣ аст, зеро он дар таърихи Созмони милали Муттаҳид бори дуввум - баъди қариб 50 сол - ба вуқуъ пайваст. Мо - мизбонони Конфронс  дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст.

Барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалии марбут ба об моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро дар ин самт афзоиш диҳем.

Вобаста ба ин, дар раванди омодагӣ ба Конфронс мо таваҷҷуҳи асосиро маҳз ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати роҳандозии иқдомоти нав ва суръатбахшии амалҳои мавҷуда равона намудем.

Рӯзномаи амал дар соҳаи об, ки мо дар Душанбе муаррифӣ кардем, имрӯз  амалу уҳдадориҳои зиёдеро фаро мегирад ва бовар дорем, ки зимни Конфронси оби Ню-Йорк ин санад бештар тақвият хоҳад ёфт.

Дар ҳақиқат, моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем.

Аҳаммияти Конфронс низ дар он аст, ки маҳз дар ҳамин фурсати бисёр муносиб доир мегардад ва метавонад таҳаввулоти ҷиддиро дар ин самт ба бор оварад. 

Саволи 2. Ташаккури зиёд. Албатта, бисёр хурсандиовар аст, ки Конфронси мазкур тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳаллу фасли масъалаҳои об ба ҳам оварад. Вале муҳим на ҳамоиш, балки натиҷа ва таъсири он барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аст. Шумо иқдомҳои минбаъдаро оид ба таъсиргузору самарабахш шудани Конфронс чӣ гуна мебинед?  

- Дарвоқеъ, муҳим натиҷа аст. 

Натиҷае, ки хусусан ба кишварҳои осебпазир дар ҳалли мушкилоти об мусоидат намояд.

Боиси қаноатмандист, ки шумораи зиёди уҳдадориҳои ихтиёрӣ, аллакай, ба Рӯзномаи амал дар соҳаи об ворид гардидааст.

Мо бояд механизми самараноки пайгирии татбиқи ин уҳдадориҳоро ба роҳ монем.

Аз нигоҳи мо, дар ин раванд бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода шавад.

Аввалан, натиҷаю паёмҳои Конфронс бояд ба дигар чорабиниҳои калидии вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва умуман ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд.

Дуввум, мавқеи мавзӯи об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бояд тақвият дода шавад.

Ҳамчунин, ба мақсади назорати пайвастаи раванди татбиқи уҳдадориҳо, аз ҷумла Рӯзномаи амали об, зарур аст, ки конфронсҳо ва дигар ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид минбаъд мунтазам сурат гиранд.

Ба ин хотир, мо пешниҳод намудем, ки Конфронси навбатии Созмон оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе дар фарҷоми Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” баргузор гардад.

Илова бар ин зимни татбиқи ин амалу уҳдадориҳо ва умуман Рӯзномаи амал  оид ба об мо пешниҳод намудем, ки “Раванди оби Душанбе”, ҳамчун платформаи пайгирӣ васеъ истифода карда шавад.

Саввум, ҷиҳати рафъи мушкилоти марбут ба об барои дастгирӣ аз кишварҳои камтараққӣ ва рӯ ба тараққӣ бояд ҳаҷми сармоя ва маблағгузорӣ афзоиш дода шавад.  

Саволи 3. Сипосгузорам. Омодагии Тоҷикистон барои пешбурди масъалаҳои об ва аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои ин Конфронс лоиқи таҳсин аст. Шумо дар суханронии худ дар ифтитоҳи Конфронс иброз намудед, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Луфтан, мегуфтед, ки ҳадафи асосӣ аз ин ташаббусу иқдомҳо чӣ аст ва то чӣ андоза кишвари Шумо аз ин кор манфиат мегирад?

Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод карда буд.

Баъдан, дар ҳамин доира бо ташаббуси кишвари мо соли 2013  “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд.

Вобаста ба татбиқи ин ташаббусҳо  шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон борҳо аз чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд мизбонӣ намудааст.

Моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бар асоси ташаббуси навбатии мо қатъномаи дахлдорро дар хусуси эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул кард.

Ҳадафи асосии ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

Фарогир гардидани ҳадафу вазифаҳои вобаста ба об зимни Ҳадафҳои рушди устувор дар баробари Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҷой ёфтани масъалаҳои об дар рӯзномаи мавзӯъҳои иқлим, гуногунии биологӣ, озуқа, энергетика ва дигар бахшҳо натиҷаи ҳамин талошҳо ва чораҳои андешидашуда мебошанд.  

Тоҷикистон ба сифати кишвари манбаи обҳои минтақавӣ, ҳамзамон ҷонибдори истифодаи сарфакаронаву оқилонаи об дар минтақа ва берун аз он аст.

Бинобар ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ҳамаи ташаббусҳои мо ва ба ҳайси яке аз кишварҳои пешсаф дар баррасии масъалаҳои глобалии об эътироф шудани Тоҷикистон ин худ дастоварди бузургест.

Мо чунин мешуморем, ки бо ин ибтикорот барои сарфакорона ва одилона истифода бурдани захираҳои об дар сатҳи глобалӣ саҳмгузор шудем.

Мо ба мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа доир ба истифодаи об дар сатҳи миллӣ низ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем.

Саволи 4. Шумо дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфтед. Дар ҳақиқат, ин мавзӯъ бисёр муҳим аст. Лутфан, бигӯед, ки аз нигоҳи Шумо ин ташаббус то чӣ андоза ба ҳифзи пиряхҳо таъсир гузошта метавонад?

Пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёраи мо ҳастанд.

Мутаассифона, миқдори онҳо зери таъсири тағйирёбии иқлим сол то сол кам шуда истодааст.

Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд.

Обшавии босуръати пиряхҳо дар дигар қитъаҳои олам, аз ҷумла дар Арктика ва Антарктида низ ба мушоҳида мерасад.

Аз тарафи дигар, шумораи аҳолӣ сол то сол зиёд шуда, талабот ба об низ босуръат меафзояд.

Бо дарназардошти ин ҳолат, нишондиҳандаи таъмини об ба сари ҳар нафари аҳолӣ низ сол ба сол камтар мегардад.

Дар панҷ даҳсолаи охир ин нишондиҳанда, аллакай, дувуним баробар коҳиш ёфтааст ва тамоюли мазкур ҳоло ҳам идома дорад.    

Обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешем.

Ҳадафи асосии ташаббуси мо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳиммияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад.

 Эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи василаҳои муҳим ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд.

Саволи 5. Бармегардем ба ҳадафу натиҷаҳои Конфронси имрӯза. Корҳои зиёде барои муваффақу самарабахш гардонидани он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун мизбонони ин ҳамоиши муҳимми ҷаҳонӣ анҷом шуданд. Кишвари Шумо аз ин раванд чӣ омӯхт ва аз натиҷаҳои он чӣ бардоште хоҳад дошт?

 Албатта, ин боиси ифтихор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо иҷрои ин нақши муҳимро вогузор кардааст.

Аз тарафи дигар, ин масъулияти бузургест, ки мо онро ба хубӣ дарк кардаем.

Ҳамин аст, ки мо якҷоя бо Подшоҳии Нидерланд, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон талош намудем, то ин Конфронс воқеан ҳам муваффақ ва аз лиҳози натиҷаҳояш таърихӣ гардад.

Таҷрибаи асосие, ки дар ин раванд мо гирифтем, тарзи дуруст ва ҳадафмандонаи баррасии мавзӯи об мебошад, ки дар ниҳоят бо ташаббуси Тоҷикистону Нидерланд, ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро дар як муколамаи созанда ба ҳам овард.

Ҷанбаи муҳимми дигаре, ки мехостам зикр намоям, он аст, ки барои расидан ба самараи дилхоҳ, пеш аз ҳама, муттаҳидсозии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар татбиқи амалҳои муштарак зарур мебошад.  

Саволи 6. Муваффақ бошед! Ва саволи охирин – Шумо воқеан яке аз пешвоёни ҷаҳонӣ ҳастед, ки масъалаи обро пайваста пайгирӣ мекунед. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти равандҳои имрӯза атрофи масъалаҳои об чӣ паёме ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доред?

Солҳои охир мо шоҳиди хушксоливу обхезиҳои бесобиқа будем, ки бо миқёси бузург ва фарогирии ҷуғрофии ғайричашмдошти худ боиси нигаронии амиқи ҳамагон гардиданд. 

Вазъият хеле нигаронкунада аст ва онро бояд ҷиддӣ гирифт.

Мутаассифона, иқдому амалҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд.

Ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳалҳои онҳо мебошад.

Дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад. Ин мушкилот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми дунё мушоҳида мегардад.

Дар баъзе кишварҳо мардум аз норасоии об барои нӯшокӣ, полезӣ, беҳдошт ва дигар бахшҳо танқисӣ доранд.

Аз тарафи дигар, офатҳои зиёди табиӣ, мисли хушксолӣ, селу обхезиҳо ва тармафароӣ  ба иқтисод ва ҳаёти мардум хисороти зиёде меоваранд.

Барои ҳамин, ман фикр мекунам, ки дар ҳамаи ин масъалаҳо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавию глобалӣ бояд механизмҳои боэътимоди муосир барои таъмини об ва мудирияти самараноки масъалаҳои марбут ба он таҳия ва роҳандозӣ карда шаванд.

Чунки дар сурати нодида гирифтани мушкилоти ҷойдошта, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар ҳама кишварҳо ғайриимкон мегардад.

Кӯшишҳои мо дар соҳаи об собит намуданд, ки об метавонад ба сифати омили пайвандгар дар муносибатҳои давлатҳо нақши муассир бозад.

Дар зимн, Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати табодули таҷрибаи дар ин соҳа андӯхтааш бо ҳамаи шарикон изҳор менамояд.

Дар ин замина Конфронси мазкур фурсати муносибе фароҳам овардааст.

Итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин фурсату имконият дуруст истифода хоҳад кард.

 

Паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ:

Захираҳои об дар зери таъсири амиқи тағйирёбии иқлим, шаҳрнишинӣ, афзоиши аҳолӣ, саноатикунонӣ ва ғайра қарор дорад;

Арзёбиҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз баъзе пешравиҳо, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи шашум ва дигар ҳадафҳои марбут ба об бояд моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро ба маротиб афзоиш диҳем;

Вақти он расидааст, ки дар низоми Созмони Милали Муттаҳид як воҳиди махсус оид ба об таъсис дода шуда, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об таъин карда шавад

Зарур аст, ки барои баррасӣ ва таҳлили амалҳо ва ӯҳдадориҳои вобаста ба об ҷаласаҳои мунтазам, шояд ҳар ду-се сол як маротиба баргузор карда шавад;

Бо дарназардошти алоқамандии зичи об бо дигар ҳадафҳои рушди устувор, об бояд дар дигар рӯзномаҳои ҷаҳонӣ ва ҷамъомадҳои сатҳи баланд ҳамгиро карда шавад.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ