Вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон муайян карда шуд, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муродиллозода Ҳ.М. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бархилофи талаботи қисми 2 моддаи 12 ва қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Сӯҷина баъди аз адои ҳаҷи умра баргаштани хешовандони наздикаш бо мақсади худнамоишдиҳӣ ва бо роҳи исрофкорӣ маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ бо иштироки миқдори зиёди меҳмонон (тахминан 100 нафар) ва бо омода намудани якчанд намуди таомҳо ташкил ва баргузор намудааст.

        

Аз рӯи маводҳои дар ин хусус ҷамъовардашуда аз ҷониби мақомоти ваколатдор нисбати Муродиллозода Ҳ.М. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешбинӣ менамояд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, он барои баррасӣ ба суди шаҳри Панҷакент ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат”

Зимни гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат”-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки аз соли 2019 то моҳи ноябри соли 2023 аз тарафи Маркази зикршуда ҳамчун субъекти бевоситаи таъминкунандаи муассисаҳои давлатӣ бо рӣзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар ш.Ваҳдат ба Ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр ба маблағи 160957 сомонӣ рӯзномаю маҷаллаҳои обунавӣ тақсим карда шуда, маблағи обуна аз тарафи шахсони масъули Ҷамоат ҷамоъоварӣ гашта, ба директори Маркази алоқаи Почтаи шаҳри Ваҳдат Тоиров Ҷ.С. давра ба давра супорида шудааст.

 

Минбаъд, Тоиров Ҷ.С. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, қасди тасарруфи молу мулки давлатиро назди худ пеша намуда, баъди давра ба давра ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағи 160957 сомонӣ онро ба хазинаи Марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Тоиров Ҷ.С. бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии корманди МД “Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”

Файзов А.Ш. дар вазифаи саркори Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2022 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қурбонов К. даромада, аз охорон бо ваъдаи таъин намудан ба вазифаи сармуҳосиби Муассисаи болозикр маблағи 100000 сомониро гирифт.

 

Минбаъд Файзов А.Ш. ба манфиати Қурбонов К. ягон амали муайянро иҷро накарда, ин маблағро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба охирон зарари махсусан калони моддӣ расонид.   

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Файзов А.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Саркашӣ аз супоридани андозҳои давлатӣ ба миқдори махсусан калон

Гадойбоев Ф.Б. дар вазифаи директори ҶДММ «Устувор-2017»-и ноҳияи Куҳистони Масчоҳи вилояти Суғд кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти саркашӣ аз супоридани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ зад.

 

Чунончи, номбурда аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои андоз, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани делоратсияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз ҷамъ ба маблағи 2.212.322 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 2.846.643 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намуд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба давлат зарари моддӣ ба миқдори калон расонид.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гадойбоев Ф.Б. бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан

Ҳомидов Б.Б. дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан кор карда истода, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.

 

Чунончи, ӯ ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан молу маҳсулот ва таҷҳизотҳои барқии арзишнокро ба маблағи умумии 1.265.163 сомонӣ расман қабул намуда, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ин молу маҳсулотҳоро, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст ва дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ пурра тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат ба маблағи 1.265.163 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонид.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳомидов Б.Б. бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ барои дохил намудан ба муассисаи таҳсилоти олӣ

Шаҳрванд Ашуров З.Т. бо мақсади ба таври қонунӣ дохил кардани писараш ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шиносаш Анваров Ҷ.И. - мудири шуъбаи дуюми Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”” муроҷиат намуд.

 

Анваров Ҷ.И. ҳолати мазкурро барои бо роҳи фиреб тасарруф намудани молу мулки ғайр мусоид шуморида, дидаю дониста аз он, ки ӯ вобаста ба мавқеи мансабиаш ваколати дохил кардани довталабро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон надорад, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб ба боварии Ашуров З.Т. даромада, аз номбурда барои иҷрои амали болозикр маблағи 5000 доллари ИМА ва 19000 сомониро талаб кард.

 

Дар навбати худ Ашуров З.Т. бехабар аз нияти ҷинояткоронаи Анваров Ҷ.И. ба гуфтаҳои охирон боварӣ карда, ба номбурда маблағи 5000 доллари ИМА ва 19000 сомониро дод, ки дар натиҷа Анваров Ҷ.И. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати Ашуров З.Т. ягон амали муайянро иҷро накарда, онро тасарруф намуд.

 

Вобаст ба ин ҳолат нисбати Анваров Ҷ.И. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Азони худкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон аз тарафи масъулини “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”

Эргашев Б.С. дар вазифаи сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” кор карда истода, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул дар ҳолатҳои зерин ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир намудаанд.

 

Чунончи, Эргашев Б.С. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накарда, дар давоми соли 2023 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари худ Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул таҷҳизотҳои барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2.136.613,31 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

 

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 16 феврали соли 2024 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

 

Дар нишасти мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Холиқзода Ҷонибек, роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин сардорони воҳидҳои маҳаллию минтақавии мақомот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

 

Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи соли 2023 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуданд.

 

Қайд карда шуд, ки дар соли 2023 кормандони Агентӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ 1157 вохӯрӣ гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма 84 маротиба баромад карда, 5 конфронс, 6 нишасти матбуотӣ ва 84 мизи мудаввару семинарҳо барпо карданд.

 

Зимнан иброз гардид, ки аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 2864 пешниҳод ва 1377 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбати 1301 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 266 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Сипас аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ