Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Ифтитоҳи рамзи «Хӯшаи гандум» дар ноҳияи Данғара

 

   Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум»-ро ифтитоҳ намуданд.

Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад.

Дар қисми болоии рамз соли таъсисёбӣ ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи созовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.

Ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешавад.

Маҳз ба ин хотир рамзи «Хӯшаи гандум» сохта ба истифода дода шуд ва қомат афрохтани он дар даромадгоҳи ноҳия нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад.

Рамзи «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо тарҳи ҷолиби диққат аз ҷониби меъморон ва сохтмончиёни маҳаллӣ дар як давраи кӯтоҳ сохта шудааст.

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат хонданд ва ифтитоҳи ин иншоотро дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод намуданд.

 Масоҳати умумии майдони рамзи «Хӯшаи гандум» ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони хамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст.

Атрофи майдони иншоотро дар шаб 30 адад чароғакҳои ранга равшанӣ мекунад, ки ба атроф зебогии дигар зам менамояд.

 Дар заминаи корҳои созандагию бунёдкори ҳамзамон роҳи шафати рамзи «Хӯшаи гандум» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи замон пурра таҷдиду навсозӣ ва як пули бо дарозии 18 ва паҳноии 13 метр сохта шудааст, ки иқтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Тадбири мазкур дар самти ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт замина фароҳам меорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.