Санҷиши ҳисоб ва пардохти музди меҳнати кормандони Донишгоҳ

 Дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мавриди санҷиши молиявӣ қарор дода шуд.

 

 Зимни санҷиши ҳисоб ва пардохти музди меҳнати кормандони Донишгоҳ муайян гардид, ки 4 нафар корманди муҳосибот ба кортҳои электронии худ маблағи 194848 сомониро беасос интиқол дода, баъдан тавассути филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Исфара тасарруф карда гирифтаанд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Иштироки директори Агентӣ дар 26-умин нишасти Гурӯҳи роҳбарикунандаи Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР

 16 ноябри соли 2022 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия 26-умин нишасти Гурӯҳи роҳбарикунандаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодии Рушд (СҲИР) баргузор гардид.

 

 Ҳайати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ, муҳтарам  Султонзода Сулаймон Саид дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Муродҷони Маҳмадуло дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.

 

 Чунончӣ, ӯ бо истифодаи ваколати мансабиаш бо мақсади ба даст овардани фоида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаи мазкур маблағи умумии 513365 сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифта,  аз ин маблағ 329326 сомониашро барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима хароҷот карда, боқимонда маблағи 184039 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонааш ба давлат зарари калони моддӣ расонид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Санҷиши мутақобила дар муассисаҳои таълимӣ

 Дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 филиали БДА Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун мавриди санҷиши молиявӣ қарор дода шуд.

 

 Зимни санҷишҳои мутақобила дар Муассисаҳои боғчаи бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тассаруф карда шудааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Баимзорасонии “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия”

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус  11.10.2022

 11 октябри соли 2022 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тассаруфи маблағҳои буҷети бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Партоби Меҳтар Ҷовидзода дар вазифаи мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулов вилояти Суғд кор карда, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, давоми фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷ.Расулов вазифагузорӣ гардида, бо истифода аз барномаи электронии SGB.net., аз буҷети бахши мазкур маблағи умумии 109500 сомониро бо роҳи сохтакории хизматӣ ба тассаруфи худ даровард, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Каллобии раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон

 Назирова Рано Маджидовна дар вазифаи раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба аъзогии Ассотсиатсия мазкур, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи умумӣ 748435 сомониро гирифта ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба онҳо маблағи грантии бебозгашт ҷудо карда медиҳад.

 

 Бо ҳамин тарзу усул Назирова Рано Маджидовна маблағи бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба дастовардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назирова Рано Маджидовна бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидорӣ

 Ҷамшеди Сайҷалол дар вазифаи мутахассиси шуъбаи №1 Раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, аз номбурда бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро иҷро накардааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷамшеди Сайҷалол бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ