Вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомот

27 октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоњи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода вохӯрии судманд бо кормандони Агентӣ гузаронида шуд.

 

Чорабинии мазкур таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили пояҳои давлатдории миллӣ” баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” сурат гирифта, вобаста ба зарурати қабули ин қонун, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо, пешгирии шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ раиси Кумита ибрози андеша намуд.

 

Дар идомаи чорабинӣ барои фаъолияти арзанда ва судманд ба як қатор кормандони ҷавони Агентӣ сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ