Гуфтаҳо :

Гирифтани пора барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум накардани шаҳрванд

 

Шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки нисбати раиси суди н.Айнӣ Ҷумазода Икром Абдусалом чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда барои иҷрои амали муайян ба манфиати судшаванда, яъне аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум накардан ва дар сатҳи ниҳоӣ таъин кардани ҷазо дар намуди ҷарима, маротибаи аввал санаи 03 июли соли 2018 дар бинои суди н.Айнӣ тавассути Юсупова Мақбула маблағи 500 доллари ИМА, маротибаи дуюм санаи 09 июли 2018 сол маблағи 3000 сомониро Ҷумазода И.А. дар утоқи кориаш талаб карда гирифтааст. Ҷумазода баъд аз гирифтани маблағҳои мазкур аз руи ваъдаи кардааш амал намуда, санаи 12 июли 2018 дар асоси ҳукм ба судшаванда ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 5000 сомони бидуни маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ таъин намуд.
Ҳамин тариқ нисбати Ҷумазода И.А. бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “в” КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
 

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.