Оқибати гирифтани пора

Ҳалимов Раҳматулло Самадович, сардори хадамоти ҳифзи меҳнати Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав кор карда бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои ба курси сеюм дохил намудани писари аммааш аз охирин маблағи 1500 доллари ИМА талаб намудааст. Сипас Ҳалимов Раҳматулло Самадович аз шаҳрванд “А” моҳи ноябри соли 2017 маблағи 5000 сомонӣ, моҳи декабри соли 2017 маблағи 4300 сомонӣ ва аввалҳои моҳи марти соли 2018 маблағи 1500 сомониро талаб намуда гирифта онро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст. Номбурда бо ин қаноатманд нагардида, амалҳои ғайриқонунии худро идома дода 4 майи соли 2018 аз шаҳрванд “А” боз овардани маблағи 3000 сомонии дигарро талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 4 майи соли 2018 ҳангоми гирифтани маблағи 3000 сомонӣ Ҳалимов Раҳматулло Самадович дар дохили автомашинаи шахсиаш боздошт гардида, маблағҳои пули аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуданд. Нисбати Ҳалимов Раҳматулло Самадович, бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтиши пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.