Гирифтани пора барои аз хизмати ҳарби озод намудан

 

Шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуд, ки Қарахонов Динмурод Холмухаматович ном худро корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҷурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муарифи карда гуё ба воситаи корманди Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, ки шахсияташ ба санҷиш номаълум аст барои аз хизмати ҳарби озод намудани додарарусаш маблағи 5000 ҳазор сомони талаб намуда, санаи 5 майи соли 2018 аз маблағи талабкардааш 2000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 3000 сомониро талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишоти санаи 8 майи соли 2018 дар кучаи 1- Советскии шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани маблағи 3000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” Қарахонов Динмурод Холмухаматович дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Қарахонов Динмурод Холмухаматович, бо моддаи 247 қисми 2 банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.