Cеминари омӯзишӣ

 

   Имрӯз бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ” барои намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” аз 28 октябри соли 2016, №465 ба нақша гирифта шуда, бо назардошти масъалаи муҳим ва ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ будани мавҷудияти коррупсия имрӯз дастаҷамъона атрофи ин проблемаи глабалӣ омӯзишу таҳлил ва мубоҳисаҳо ба роҳ монда шуд.
     Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷорӣ намудани роҳу усулҳои муқовимати самаранок бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ буда, ба иштирокчиёни семинар сабабу мақсади қабул ва муҳтавои Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) шарҳ дода шуд. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти тозақабул будани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ва раванди нав будани гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар кишвар, тартиби татбиқи ин Методология дар аксари вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст.
   Дар рафти баргузории семинар иштирокчиён фаъол буда, иброз намуданд, ки маълумотҳои аз омӯзиш бардоштаашонро дар фаъолияти корӣ самаранок истифода хоҳанд кард.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.