Вокуниш ба мақолаи Агентии иттилоотии «Азия - Плюс» бо номи «Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”»

Санаи 26 апрели соли 2024 баъди нашри мақола дар сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи ширкати сохтмонӣ зимни сохтмони бинои ошхона дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сомонаи расмии АИ «Азия - Плюс» мақола бо номи «Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”» (ЛИНК) ба нашр бароварда шуд.

 

Омӯзиши мақолаи зикршуда нишон дод, ки баъди нашри мақола дар сомонаи расмии Агентӣ нисбати роҳбари ҶДММ «Лоиқ» Саидов А.И., номбурда аз ин ҳолат бохабар гашта, ба редаксияи АИ «Азия - Плюс» муроҷиат карда, айбдории худро дар тасарруфи маблағҳои зимни сохтмони иншоот дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда инкор намудааст.

 

Ҳамзамон, Саидов А.И. дар посухи худ ба АИ «Азия - Плюс» қайд намудааст, ки гӯё санҷиши гузаронидаи Агентӣ беасос буда, онро ҳамчун дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ номидааст ва зимни санҷиши молиявии гузаронидашуда иштирок накарда, нусхаи санади санҷишӣ ба ӯ дастрас нашудааст.

 

Бояд қайд намуд, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбари ҶДММ “Лоиқ” Саидов А.И. тибқи талаботи моддаи 21 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба, пурра ва холисона ба роҳ монда шуда, Агентӣ бо мақолаи нашрнамудаи АИ «Азия - Плюс» ва изҳори норозигии Саидов А.И. бо рафти тафтиши пешакӣ бо асосҳои зерин розӣ шуда наметавонад:

 

- дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии болозикр гумонбаршуда Саидов А.И. дар ҳақиқат ба санҷиши гузаронидаи муттахассисони самти назорати давлатии молиявии мақомот норозигӣ изҳор намудааст. Дар ин асно, бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор доир ба парвандаи ҷиноятӣ санҷиши такрории молиявӣ - хоҷагидорӣ дар фаъолияти ҷамъият вобаста ба сохтмони иншоот дар Марказ таъин гардидааст, ки натиҷаи санҷиши такрорӣ тасарруфи маблағҳои буҷетиро аз тарафи Саидов А.И. бори дигар тасдиқ намудааст;

 

- дар рафти тафтиши пешакӣ нисбати Саидов А.И. чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ гардида, номбурда пурра дар рафти санҷиши такрории таъиншуда иштирок намуда, бо натиҷаи санҷиши гузаронидашуда, яъне санади санҷишӣ аз 29 феврали соли 2024 шинос шуда, санади мазкурро бо имзои худ тасдиқ ва нусхаи онро гирифтааст;

 

- Саидов А.И. зимни пурсиш ба сифати айбдоршаванда санаи 07 марти соли 2024 айбдории худро дар тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо пурра тасдиқ карда, худро дар содир намудани ҷиноят пурра айбдор ҳисобида, ҳолати мазкурро бо дасти худ дар протоколи пурсиши айдоршаванда дарҷ намудааст; 

 

- ҳамзамон дар рафти тафтишоти пешакӣ аз тарафи айбдоршаванда баъди гузаронидани санҷиши такрорӣ зарари расонидашуда ба пуррагӣ ба буҷаи давлат барқарор карда шудааст, ки ҳолатҳои мазкурро расидҳои бонкӣ аз 16 ва 19 феврали соли 2024 ва 07 марти соли 2024 исбот менамоянд.

 

- вобаста ба ҳолати асоснокии гузаронидани санҷиши молиявӣ дар фаъолияти ҶДММ “Лоиқ” бояд қайд намуд, ки санҷиш дар фаъолияти худи ҷамъият, не балки дар фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар рафти он асоснокии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ мавриди санҷиш фаро гирифта, он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 02 декабри соли 2002, №66 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ гузаронида шуда, пурра асоснок мебошад;

 

- вобаста ба баҳси гражданӣ будани раванди сохтмони иншооти “Сохтмони бинои ошхона иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” аз тарафи ҶДММ “Лоиқ” бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санҷишҳои мавзӯии дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар қисмати гирифтан, ба воситаи суратҳисобҳо гузарондан ё истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби онҳо, иҷрои фармоиши давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки ин санҷишҳо бинобар зарурати доир намудани санҷиши мутақобила аз рӯи далелҳои мушаххас ба миён омаданд. Аз ин рӯ, санҷиш дар доираи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, бинобар мавҷуд будани маълумотҳои асоснок вобаста ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи ҶДММ “Лоиқ” гузаронида шудааст, ки ҳолати мазкур зимни санҷиш пурра тасдиқи худро ёфтааст.

 

Асосҳои дар боло овардашуда пурра дуруст буда, дар ин хусус доир ба парвандаи ҷиноятӣ далелҳои раднашаванда мавҷуд мебошанд, ки дар сурати додани розигӣ аз тарафи роҳбари ҶДММ “Лоиқ” Саидов А.И. Агентӣ омода ҳаст онро ба ҳамагон пешниҳод намояд.

 

Дар ин асно, санҷиши фаъолияти ҶДММ “Лоиқ” дар муносибат бо Марказ вобаста ба сохтмони иншооти “Сохтмони бинои ошхона иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ваҷҳои овардаи роҳбари ҷамъият Саидов А.И. вобаста ба ин санҷиш пурра беасос мебошанд.

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, зимни он риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ