
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1. Нозири калони раёсати кадрҳо.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ва ё иқтисодӣ;
- 1 сол собиқаи хизматӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Маоши мансабӣ 2562 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
2. Мутахассиси раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2352 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси раёсати назорати буҷетҳои маҳаллӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2352 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4. Мутахассиси раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои
сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;
Маоши мансабӣ 2352 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5. Нозири раёсати таҳлил, иттилоот ва омор.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2124 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
6. Нозири шуъбаи ташкили кор ва назорат.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2124 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
7. Нозири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеа.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2124 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
8. Нозири шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2124 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
9. Мутахассиси бахши назорати субъектҳои хоҷагидории шуъбаи назорати
давлатии молиявии раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2135 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
10. Ваколатдори оперативии бахши мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбии шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2077 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
11. Нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентӣ дар шаҳри
Душанбе.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 1999 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
12. Нозири калони бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори
раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ;
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Маоши мансабӣ 2436 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ва рутбаи махсус.
13. Нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентӣ дар шаҳру
ноҳияҳои минтақаи Бохтар.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 1999 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
14. Мутахассиси бахши назорати буҷетҳои маҳаллии шуъбаи назорати
давлатии молиявии раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2135 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
15. Ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва
иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 2077 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
16. Муфаттиши шуъбаи тафтишотии раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои
минтақаи Кӯлоб.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ.
Маоши мансабӣ 2077 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
17. Нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентӣ дар шаҳру
ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ.
Маоши мансабӣ 1999 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
18. Нозири калон оиди муқовимат ба коррупсияи шуъбаи Агентӣ дар шаҳру
ноҳияҳои водии Ҳисор.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ва ё иқтисодӣ;
- 1 сол собиқаи хизматӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Маоши мансабӣ 2436 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати
давлатӣ ва рутбаи махсус.
Мувофиқи талаботи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хизмат дар мақомоти Агентӣ шахсе қабул карда мешавад, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад, қабул карда мешаванд.
Ҳамзамон, талабот барои довталабон: донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои муқовимат ба коррупсияро ба танзим медароранд, инчунин кор бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, донистан ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, донистани забонҳои хориҷӣ.
Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои болозикр дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ариза унвонии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи (анкета) шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол (чопӣ ва дастнавис);
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- расми андозаи 4х6 - 2 дона;
- нусхаи шиноснома;
- билети ҳарбӣ (аслӣ ва нусха);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз онҳое, ки собиқаи меҳнатӣ надоранд);
- эъломия аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- тавсифнома аз ҷойи кор ё муассисаи таълимӣ;
Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумотҳои иловагӣ, аз ҷумла нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯйи корҳои илмӣ, сертификатҳо, тавсияномаҳо ва тавсияҳо пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони А.Сино 126/1, индекс: 734043, телефон/факс (+922 37) 236-64-72, телефон (+922 37) 236-65-12, сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: www.anticorruption.tj; e-mail: info@anticorruption.tj