9 июни соли 2026 дар маҷлистгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини Агентӣ бо Роҳбари миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба арзёбии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар Тоҷикистон Штефан Бруни баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд анҷом дода, намояндагони Миссия ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла дар самти назорати давлатии молиявӣ, раванди гузаронидани санҷишҳои молиявӣ ва натиҷаҳои онҳо, саволҳо пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби кормандони Агентӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Вохӯрии мазкур ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобилаи судманд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди бештари ҳамкориҳо баён намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ