Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Самандари Қ. нишон дод, ки номбурда аз 4 марти соли 2025 то инҷониб дар вазифаи судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти гирифтани пора зад.
Чунончи, Самандари Қ. зимни фаъолияти кориаш қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, моҳи октябри соли 2025 зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Н.Д.С. аз номбурда барои таъини ҷазои нисбатан сабук маблағи 75000 сомониро ба сифати пора талаб карда, худи ҳамон вақт маблағи 50000 сомониро дар утоқи кориаш гирифт.
Баъдан, Самандари Қ. кирдори ҷиноятии худро идома дода, тахминан охирҳои моҳи октябри соли 2025 аз судшаванда Н.Д.С. боқимонда маблағи 25000 сомониро дар утоқи кориаш гирифт, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Самандари Қ. бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ