6 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сумаймон Саид, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим,  мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст чорабиниро директори Агентӣ - Султонзода С.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокашон барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Қайд гардид, ки Рӯзи «Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз зумраи рӯйдодҳое маҳсуб меёбад, ки барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ, рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ маҳсуб меёбад.

Дар ни раванд, ҳақиқати воқеӣ дар он ифода мегардад, ки ҳамаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки дар тамоми соҳаҳо ба чашм мерасанд, таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастёб ва амалӣ гардидааст.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бештар аз пешрафта ба қадри заҳмату хизматҳои Пешвои маҳбуби худ бирасем, дар атрофи андешаву ғояҳои ин абармард, ки танҳо ва танҳо ба як мақсад - пешрафти Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоиста ба мардуми он равона карда шудааст, муттаҳид гардем ва исбот намоем, ки меросбари воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, нисбат ба фардои фарзандонамон бетараф нестем.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи идона бахшида ба таҷлили 34 - умин солгарди ин ҷашни бузургу муқаддас як қатор кормандони мақомот бо назардошти натиҷаҳои назаррасӣ корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо нишони сарисинагӣ, сипосномаву ифтихорнома ва рутбаҳои навбатӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Аз ҷумла, 15 - нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусия», 21 – нафар бо «Ифтихорнома», 19 - нафар бо «Сипоснома», 1 – нафар бо медали ҷашнии «15 солагии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 - нафар пеш аз муҳлат бо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва 30 – нафар бо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва тахассусӣ мукофотинида шуданд. 

Ғайр аз ин, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамому раёсату шуъбаҳои маҳаллию минтақавии мақомот ҷамъомадҳо ва ҷаласаҳои идонавӣ баргузор карда шуданд.  

Маркази матбуоти Агентӣ