19 майи соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва шахсони масъул аз ҳисоби вазорату идораҳои кишвар ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди таваҷҷуҳ мебошад, ки вазифаи асосии гуруҳи корӣ аз густариши ҳамоҳангӣ ва робитаи устувори байниидоравӣ дар самти татбиқи барномаи давлатӣ, таҳлили вазъи воқеии иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия, бартараф намудани ихтилофоти оморӣ, роҳ надодан ба камбудиҳо ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба раванди таъмини самараноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати малакат таъсири манфӣ мерасонанд, ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, дар назар аст, ки натиҷаҳои он барои пурра амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар таъсири мусбат хоҳад расонид.

Маркази матбуоти Агентӣ