Санаи 10 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони мақомот бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, кормандони ин ниҳодро бо «Иди касбӣ» табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, файзу баракат ва муваффақиятҳои беназирро дар фаъолияти хизматиашон таманно намуданд.

Қайд карда шуд, ки таъсиси мақомоти Агентӣ қадами устувор ва яке аз дастовардҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба шумор рафта, фаъолияти он ҳамчун мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо заҳмату талошҳои шабонарўзии кормандони ин ниҳод дар низоми давлатдории кишварамон пурсамар арзёбӣ мегардад.

Тӯли 19 сол аст, ки ниҳоди мазкур дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат ҳамчун субъекти асосии бо ин падидаи номатлуб муборизабаранда, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароитҳои барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ фаъолияти пурсамар анҷом дода истодааст.

Кормандони Агентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ ва пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ давра ба давра корҳои натиҷабахш роҳандозӣ намуда, дар ин самт ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ кормандони мақомот аз тарафи роҳбарияти Агентӣ барои анҷом додани фаъолияти пурсамар ва гузоштани нақши арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳо, ифтихорномаву сипосноваҳо ва туҳфаҳои рамзӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони ҷавоне, ки ба хизмат дар мақомоти Агентӣ қабул гардиданд, барои адои хизмати содиқона  ба халқу Ватан тантанавор савганд ёд карданд.  

Ҳамзамон, дар ин рӯз дар ҳамаи воҳидҳои маҳалливу минтақавии Агентӣ низ «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» бо як шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуда, дар ин асно чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ