Санаи 3 июни соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, раисони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷоияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони зерсохторҳои вазорату идораҳои ҳудудии вилоят ва дигар масъулин семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинар ин муаррифии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) ба ҳисоб рафта, дар рафти он намояндаи Агентӣ мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро дар самти муқовимат ба коррупсия муфассал шарҳ дода, вобаста ба механизмҳои амалигардонии он барои иштирокчиён тавзеҳ доданд.
Дар фарҷом масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳиммияти масъалаи баррасишавнадаро таъкид намуда, қайд карда шуд, ки баргузории чунин семинарҳои омўзишӣ натанҳо сатҳи маърифати зиддикоррупсионии кормандонро баланд мебардорад, балки ба ташаккули фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррусионӣ ва амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ