11 июни соли 2026 дар маҷлисҳои бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯҳои «Татбиқи Ҳукумати электронӣ, низомҳои пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи додаҳо» баргузор гардид.  

Чорабинии барпошуда бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ сурат гирифта, дар рафти он масъулини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон доир ба мавзӯи зикршуда бо маърузаҳо баромад намуда, вобаста ба муҳиммияти рақамикунонии тамоми соҳаҳои давлатӣ ва нақши он дар паст кардани шиддати коррупсия ибрози андеша карданд.  

Маркази матбуоти Агентӣ