2 октябри соли 2025 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Арманистон вохӯриҳои дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон Вардапетян Анна Кареновна ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Хмарук Сергей Константинович баргузор гардиданд.

Дар рафти вохӯриҳо самтҳои фаъолияти ҳамкорӣ байни мақомотҳои номбурда баррасӣ шуда, дурнамои муносибатҳо барои солҳои оянда муҳокима гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ, ки ба таҳкими муқовимат ба коррупсия ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат мекунад, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи он дар оянда иброз доштанд.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки идомаи ҳамкориҳои судманд ба густариши муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо мусоидат намуда, дар тақвияти муқовимат ба коррупсия нақши муҳим хоҳанд бозид.

Маркази матбуоти Агентӣ