Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи октябри соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштан савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳа дар толори раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрии кормандони мақомот бо масъулини раёсат дар мавзӯи: «Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъист» баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, он ба рафти густариши тамоми соҳаҳои давлатӣ таъсири манфии худро мерасонад. Зимнан муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъӣ буда, барои мубориза бо ин падидад нақши ҳар як нафар муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъулини Агентӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ