Санаи 09 июни соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлистгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раис ва аъзоёни комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия, масъулини соҳаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати муаррифии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) семинари омӯзишӣ доир гардид.

Зимни семинар ба ҳозирин хусусиятҳои хоси Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), механизми амалигардонии он ва тартиби омодасозии нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии (соҳавии) зиддикоррусионӣ фаҳмонида шуд.

Дар аснои чорабинӣ байни иштирокчиён доир ба раванди муқовимат ба коррупсия, аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ муколамаи судманд сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази матбуотӣ Агентӣ