Санаи 3 ва 4 июни соли 2026 бо ташаббуси раёсатҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мизи мудаввар ва вохӯрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори даст задан ба қонуншиканиҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбутро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Дар маҷмӯъ, чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёби мегардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ