Санаи 21 майи соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми директори мақомот - Расулӣ Барот бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Тоҷикистон - Александр Викторович Федулов баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ ин шиносоӣ бо фаъолияти Агентӣ ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои муштарак дар доираи барномаҳои UNODC дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи муқовимат ба коррупсия, роҳҳои пешгирии ин зуҳурот, нақши созмонҳои байналмилалӣ дар амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут муколамаи судманд анҷом доданд.
Зимнан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар ва муқовимати дастҷамъона бар зидди ин падида, минбаъд ҳамкориро дар доираи барномаҳои муштараки зиддикоррупсионӣ боз ҳам густариш хоҳанд дод.
Вохӯрии мазкур ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобилаи судманд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди бештари ҳамкориҳо баён намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ