ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

 

Ҳозирини муҳтарам!
Дӯстони гиромӣ!

Тайи се рӯзи охир, ки мо бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорем, дар якчанд шаҳру ноҳияи вилоят даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, яъне самараи заҳмати созандаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди вилоят, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба истифода супорида шуданд.

Ҳамаи ин бунёдкориҳо туҳфаи арзандаи мардум ва соҳибкорони вилоят ба ҷашни муқаддаси сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошанд, ки дар рӯзҳои Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода супорида шуданд.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар кулли мардуми заҳматдӯсти вилояти Хатлон ва ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ табрик мегӯям ва ободии хонадони ҳар яки шуморо орзу дорам.

Мулоқоти имрӯзаи мову шумо дар муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст дар деҳаи Обшорони деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷҷаҳазгардонии мактабҳо» сохта шудааст, баргузор мегардад.

Бинои муассисаи таълимӣ бо тарҳи бисёр зебову замонавӣ сохта шуда, дар он барои хонандагону омӯзгорон тамоми шароити замонавӣ муҳайё гардидааст.

Ман ба ҳамаи масъулону сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои замонавӣ изҳори сипос намуда, ба роҳбарони муассиса ва кормандони масъули маорифи ноҳия хотиррасон месозам, ки назорати масъалаҳои вобаста ба нигоҳдории иншооти имрӯза ва ободу кабудизоркунии атрофи он, истифодаи самараноки таҷҳизоти таълимӣ ва сифати таълиму тарбияи хонандагонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Боиси қаноатмандист, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ то имрӯз дар вилоят 6290 иншоот сохта, ба истифода дода шуда, дар ин замина беш аз 21 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.

Нишондиҳандаи мазкур 82 фоизи нақшаро ташкил мекунад ва тавре ки мо дар ҷараёни сафар мушоҳида кардем, вобаста ба иншооту биноҳои боқимонда корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар баробари ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ қафомонӣ ба назар мерасад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки ҳамкориро бо сокинони вилоят, хусусан, соҳибкорон ва шахсони саховатманд тақвият бахшида, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатиро таъмин намоянд.

Зарур аст, ки аз хонаҳои истиқоматӣ сар карда, ба тозаву озода намудани ҳудуди шаҳру деҳаҳо, аз ҷумла маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву хиёбонҳо ва таҷдиду бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ, хусусан, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хосса дода шавад.

Хотиррасон менамоям, ки вазифаҳои асосии давлату Ҳукумат барои ҳафт соли минбаъда дар суханронии Роҳбари давлат дар маросими савгандёдкунӣ иброз гардида, дар паёми навбатии Президенти мамлакат барои соли 2021 мушаххас карда шуданд.

Аз ҷумла дар ҳафт соли оянда мо бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳем.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷиро тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 22,1 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27 фоиз баробар гардидааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаи мазкур дар вилоят имконияту иқтидорҳои истифоданашуда хеле зиёданд.

Барои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар даҳ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 24 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Илова бар ин, барои таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар барномаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 279 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 10,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он андешидани тадбирҳои зуруриро тақозо менамояд.

Зеро сатҳи пасти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим боиси иҷро нашудани 54 фоизи лоиҳаҳои дар барномаи қаблии вилоят барои солҳои 2016 – 2020 пешбинишуда гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ сармояи мустақими соли 2020 ба вилоят ҷалбшуда 790 миллион сомониро ташкил додааст, ки барои таъмин намудани рушди босуботи вилояти калонтарини кишвар нокифоя мебошад.

Бинобар ин, ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкориро бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар самти дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳо густариш дода, инчунин, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, махсусан, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Дар давраи соҳибистиқолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар вилоят 71 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 11 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят татбиқи боз 35 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 5,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Лоиҳаҳои мазкур барои сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард, кам кардани талафоти нерӯи барқ ва устувории интиқоли он, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар шаҳру деҳот, соҳилмустаҳкамкунӣ ва корҳо доир ба пешгирӣ кардани зарари офатҳои табиӣ равона шудаанд.

Гарчанде дар соли 2020 ва ду моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар вилоят мутаносибан 103 фоиз ва 100 фоиз иҷро гардидааст, вале баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатиро таъмин накардаанд.

Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар давоми соли 2020 ба маблағи 21 миллион сомонӣ зиёд гардида, аввали соли 2021 ба 190 миллион сомонӣ расидааст, ки нигаронкунанда мебошад.

Бақияпулиҳои қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Фархор, Носири Хусрав ва Балҷувон афзудааст.

Соли 2020 дар самти хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо ба камбудиҳо роҳ дода шудааст.

Санҷишҳои дар вилоят гузаронидаи Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2020 зарари молиявиро дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ошкор намудаанд.

Бинобар ин, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт сари вақт бартараф карда, иҷрои қисми даромади буҷет, роҳ надодан ба афзоиши бақияпулиҳои қарзи андоз, беҳтар гардонидани самаранокии хароҷоти буҷет ва шаффофияти онро таъмин намоянд.

Инчунин, роҳбарону масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки доир ба пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Соли 2020 аз ҷониби низоми бонкӣ дар ҳудуди вилоят 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум 151 миллион сомонӣ зиёд буда, 33 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, 33 фоиз ба мақсадҳои истеъмолӣ, 13 фоиз ба савдои хориҷӣ, 10 фоиз ба соҳаи хизматрасонӣ ва боқимонда ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 89 фоизро қарзҳои хурд ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаи зикршуда бо дарназардошти имкониятҳои вилоят дар самти рушди соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки доир ба зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, дар бахши соҳибкории истеҳсолӣ ва пешниҳоди қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёдгардида аввали соли 2021 ба 620 расидааст, ки аз ин ҳисоб 37 корхона дар соли 2020 таъсис ёфтааст.

Вале таъкид месозам, ки ин нишондиҳанда нисбат ба имконияту захираҳои вилоят тамоман паст мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки соли 2020 –ум 77 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз монда, фаъолияти 27 корхона пурра қатъ гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят соли 2020 ба 8,8 миллиард сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2019 ҳамагӣ 0,7 фоиз афзоиш ёфтааст ва дар 4 шаҳру ноҳия (Ёвон, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Шамсиддини Шоҳин) кам шудааст.

Дар ин давра аз 163 номгӯйи маҳсулоти саноатии дар вилоят тавлидшаванда суръати афзоиши истеҳсоли 61 номгӯйи он (37 фоиз) нисбат ба соли 2019 таъмин нагардидааст.

Аз ҷумла истеҳсоли орд 41 фоиз, калобаи пахтагин 20 фоиз ва либоси мактабӣ 9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳоло дар вилояти Хатлон шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба 780 ҳазор нафар расидааст.

Дар баробари ин, сатҳи таъминоти онҳо бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар соли 2020 ҳамагӣ 7,8 фоизро ташкил додааст.

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои саноати коркарди вилоят нисбат ба соли 2019 –ум коҳиш ёфта, 97 фоизро ташкил додааст, ҳол он ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 48 фоиз баробар мебошад.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят то ба ҳол истеҳсоли нерӯи барқ ҳиссаи назаррас дорад.

Ҳоло 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд.

Талафоти нерӯи барқ дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 15,5 фоизро ташкил додааст, ки ин гувоҳи фаъолияти ғайрисамараноки сохторҳои мутасаддӣ дар самти мазкур мебошад.

Умуман, бояд гуфт, ки ҳолати имрӯзаи соҳаи саноати вилоят барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ғайриқаноатбахш аст.

Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, хусусан, дар самти барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда нақшаи мушаххаси чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои онро таъмин созанд.

Ҳамзамон бо ин, ташаббусҳои соҳибкорон ва бахши хусусиро барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, бахусус, корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва воридоти технологияҳои муосир ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати таъсиси паркҳои технологӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати «Барқи Тоҷик»–ро зарур аст, ки доир ба кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ба меъёри технологӣ (9 фоиз) расонидани он чораҳои мушаххас андешанд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти вилоят буда, нақши он дар ҳифзи амнияти озуқавории вилоят ва кишвар, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим мебошад.

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 17 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин 50 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакатро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки соли 2020 дар вилоят заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш 17 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки ин 42 фоизи майдони умумии чунин заминҳои дар кишвар бақайдгирифташударо ташкил медиҳад.

Соли 2020 дар вилоят 1,3 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки 26 фоизи заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи мамлакатро ташкил медиҳад ва чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.

Илова бар ин, на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят заминҳои кишоварзӣ самаранок истифода мешаванд.

Ба ҳолати 1 марти соли 2021 дар майдони 4,7 ҳазор гектар кишти картошка анҷом дода шудааст, вале ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамо 3,1 ҳазор гектар кам мебошад.

Ҳарчанд ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят торафт афзуда истодааст, аммо дар самти коркарди он як қатор мушкилот ҷой доранд.

Бо ин сабаб қисми зиёди маҳсулоти кишоварзии вилоят барои коркард ва содирот ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол дода мешавад.

Чунин ҳолат раванди истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашударо халалдор карда, боиси аз даст рафтани имконияти таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мегардад.

Тибки маълумоти оморӣ аз 56 ҳазор тонна нахи пахтаи аз сентябри соли 2020 то феврали соли 2021 дар вилояти Хатлон истеҳсолшуда танҳо 14 ҳазор тонна ё 25 фоизи он дар дохили вилоят барои коркарду истеҳсоли минбаъдаи саноатӣ, аз ҷумла 12,3 ҳазор тонна дар Ҷамъияти «Ҷунтай Данғара» истифода шудааст.

Дар ҳолати то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда коркард намудани нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолшуда имконияти ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва содирот ба вуҷуд меояд.

Имкониятҳои вилояти Хатлон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти коркарди он, махсусан, зироатҳои барвақтӣ ба кишварҳои ҳамсоя ниҳоят калон мебошад ва зарур аст, ки доир ба ин масъала тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Тибқи омори гумрукӣ соли 2020 аз вилояти Хатлон ба маблағи 144 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст, ки ин ҳамагӣ 10 фоизи содироти кишвар мебошад.

Дар даврони сохти гузашта барои содирот аз қаламрави вилоят ҳамагӣ ду масири роҳ – тавассути Душанбе ва Айвоҷ истифода мегардид.

Имрӯз барои содирот аз вилоят чандин шоҳроҳу гузаргоҳҳои нави байналмилалӣ ба самти Афғонистон, Хитой ва Қирғизистон бунёд шудаанд ва фаъолият мекунанд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 80 миллион доллар ё 86 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар ин давра аз вилоят ҳамагӣ ба маблағи 2,7 миллион доллар 22 ҳазор тонна меваю сабзавот, ки 93 фоизи онро танҳо пиёз ташкил медиҳад, содирот карда шудааст.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки:

– ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, сари вақт гузаронидани кишти баҳории зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он, инчунин, ташкили инфрасохтори содиротӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;

– бо дарназардошти имкониятҳои фаровони вилоят рушди соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти соҳаҳои зикршуда, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро таъмин намоянд.

Дар шароити шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла вобаста ба пайомадҳои пандемияи коронавирус, низоъҳои сиёсиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он соли 2021 бисёр мураккабу вазнин пешгӯӣ мешавад.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се – чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар як оила таъмин намоянд.

Ҷиҳати таҷдиду барқарор намудани шабакаҳои обтаъминкунии заминҳои вилоят, ки фаъолияти муназзами соҳаи кишоварзии вилоятро таъмин менамоянд, якчанд лоиҳа ба барномаҳои сармоягузории давлатӣ ворид карда шудааст.

Ҳоло дар тавозуни идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят 140 истгоҳи обкашӣ ва 183 чоҳи амудӣ мавҷуд буда, аксари онҳо куҳнаву фарсуда шудаанд.

Вобаста ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои молия ва кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро зарур аст, ки ҷиҳати дарёфти маблағгузории лоиҳаҳои таъмиру таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ, ки ҳазорҳо гектар заминҳо тавассути онҳо обёрӣ карда мешаванд, тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Дар Паёми Роҳбари давлат, ки 26 январи соли ҷорӣ пешниҳод гардид, супориш дода шуд, ки бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ҳамаи онҳо соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Бовар дорам, ки бо истифода аз ин имконият кишоварзони кишвар, аз ҷумла кишоварзони вилояти Хатлон аз обу замин ва шароити мусоид самаранок истифода намуда, боз ҳам бештар маҳсулот истеҳсол мекунанд ва дар фаровонии бозори истеъмоливу ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз ҳадафҳои стратегии мо ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф ҳоло дар кишвар таҷдиду сохтмони роҳҳо ва нақбу пулҳо, инчунин, дигар инфрасохтори нақлиётӣ бомаром идома дорад.

Соли 2020 дар вилоят татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла марҳалаҳои якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Бохтар ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаҳои Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумб ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи маркази шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб» то ба имрӯз 32 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ таҷдид гардида, корҳои сохтмони боз 25 километри дигар идома доранд.

То ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ роҳи Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Соли ҷорӣ таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе – Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтар, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данғара, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор оғоз мегардад.

Инчунин, соли ҷорӣ лоиҳакашии роҳҳои мошингарди Данғара – Гулистон ва Гулистон – Кӯлоб пурра ба анҷом расонида, сохтмони онҳо соли 2022 оғоз мешавад.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ соли 2020 бо дастгирии ширкату соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 111 миллион сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингард ва иншооти онҳо иҷро гардидаанд, ки нисбат ба соли 2019 қариб ду баробар зиёд мебошад.

Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таҷдиду барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ, яъне роҳҳои дохили деҳаҳо, байни шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳоро суръат бахшанд.

Ҳамчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати нақлиёт ва дигар мақомоти дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят, махсусан, дар масири роҳҳои байналмилалии мошингард ва роҳи оҳан тадбирҳои амалиро ба роҳ монанд.

Гарчанде барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар масири Хатлон аз 30 то 80 фоиз тахфифҳо ҷорӣ гардидаанд, соли 2020 интиқоли бор тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани Хушодӣ – Амузанг ҳамагӣ 2 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро тавассути ин намуди нақлиёт ташкил додааст.

Бинобар ин, Вазорати наклиёт, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадоранд, ки дар самти зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути гузаргоҳи мазкур ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҷиҳати бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 452 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо барқарорсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Бохтар ва як қисми шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонида шуд.

Илова бар ин, барои барқарорсозӣ ва азнавсозии шабакаҳои обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Норак, Восеъ, Кӯшониён, Левакант, Дӯстӣ ва Ҷайҳун 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 888 миллион сомонӣ идома дошта, аз маблағи зикршуда то имрӯз 224 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Инчунин, соли ҷорӣ навбати дуюми лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар даҳ соли охир Ҳукумати мамлакат маблағгузориро ба соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб чор баробар зиёд карда, ҳаҷми онро аз 286 миллион сомонии соли 2011 ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонидааст.

Ҷиҳати дастгирии ҷавонони болаёқат аз ноҳияҳои дурдасти вилоят дар ин давра тибқи квотаи президентӣ 4900 нафар, аз ҷумла 2100 нафар духтарон донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 2025 нафар бо квотаи Президенти Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд.

Барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон танҳо соли 2020 дар вилояти Хатлон 69 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор хонанда ба маблағи 118 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бо вуҷуди ин, то ба ҳол дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят раванди таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ҷиҳати ислоҳи ин вазъ бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ дар 9 муассиса, Фархор 7, Кӯлоб 4, Данғара 3, Вахш 2, Балҷувон 2, Ҳамадонӣ 1, Восеъ 1 ва Кӯшониён дар 1 муассиса таҳсил дар се баст идома дорад.

Сатҳи татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ дар вилоят, аз ҷумла Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020 (иҷро 22 фоиз), Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 (иҷро 2 фоиз), Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 (иҷро 20 фоиз) ва Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 (иҷро 22 фоиз) ба талабот умуман ҷавобгӯ набуда, зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои бетаъхир андешида шаванд.

Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакони вилоят низ то ҳол қонеъкунанда набуда, тибқи маълумоти оморӣ танҳо 10 фоизи кӯдакон ба чунин муассисаҳо фаро гирифта шудаанд.

Масъалаи дигари ҳалталаби соҳа дар вилоят ба муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхат пурра ҳозир нашудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ мебошад.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм аз 1521 нафари фиристодашуда ҳамагӣ 836 нафар ё 55 фоизи хатмкунандагон ба муассисаҳо ҳозир гардидаанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, махсусан, дар ноҳияҳои дурдаст чораҷӯӣ намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатии соҳа, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгориро таъмин намоянд.

Ҳифзи сиҳатии омма ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки дар давоми 10 соли охир вобаста ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат зиёда аз 20 барномаи давлатӣ қабул гардида, маблағгузорӣ ба соҳа сол аз сол афзуда истодааст.

Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бунёди 941 иншоот ба маблағи умумии 600 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 633 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шудаанд.

Бо мақсади пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб марказҳои вирусологӣ таъсис дода шуда, 909 нафар мутахассисони соҳа ба машғулиятҳои баланд бардоштани савияи дониши тахассусӣ фаро гирифта шудаанд.

Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос ва сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамон ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро талаб менамояд.

Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба дастгирии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин раванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят татбиқи санадҳои барномавии соҳаро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.

Дигар масъалаи ҳалталаб ва муҳим дар ҳудуди кишвар ва махсусан, дар вилояти Хатлон, ки сераҳолӣ мебошад, бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинон ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин масъала бояд гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳибкорони кишвар дар муддати қариб 8 соли охир шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 84 фоиз кам шудааст.

Соли 2020 аз Тоҷикистон ҳамагӣ 129,8 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки гарчанде дар вилояти Хатлон соли 2020–ум 73 ҳазор ҷойҳои кории доимию муваққатӣ таъсис дода шудаанд, дар ин муддат барҳамхӯрии 31 ҳазор ҷойҳои корӣ ба қайд гирифта шудааст, ки чунин вазъ бисёр ташвишовар мебошад.

Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар заминаи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои мунтазам баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва фаро гирифтани бекорон барои бозомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар дар марказҳои таълими калонсолон чораҳои зарурӣ ва фаврӣ андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар, ки ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон нигаронида шудаанд, инчунин, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона, азму талоши созанда ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии тамоми роҳбарону мутахассисон, хизматчиёни давлатӣ ва умуман ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки аз рӯи ҳамаи таҳлилу пешгӯиҳо соли 2021 нисбат ба соли гузашта аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ қариб дар тамоми дунё яке аз солҳои вазнинтарин ва тибқи изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.

Илова бар ин, болоравии нархҳо, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пандемияи коронавирус ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфии худро мерасонад.

Дар чунин шароит касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чӣ мешавад ва моро чӣ интизор аст.

Бинобар ин, ба тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти кишоварзии мамлакат мебошад, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки мо бояд аз захираву имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла замин ва об самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ватанӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва имкониятҳои содиротии он равона созем.

Соли гузашта кишоварзони мо софдилона заҳмат кашиданд, ки натиҷа ва фоидаи онро мардуми кишвар ва махсусан, ҳар як оилае, ки барои худ маводи зарурии ғизоиро захира карда буд, дар фасли тирамоҳу зимистони сипаришуда бараъло эҳсос карданд.

Ҳоло, ки аввали баҳор, яъне сари сол ва сари вақт аст, бояд ҳар шахсе, ки бо замин сару кор дорад, барои истеҳсоли маҳсулот саъю талош намояд ва ҳар як оила низ дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъмин намудани аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошад.

Мо бояд тарзе кор кунем, ки дар шароити вазнини соли ҷорӣ мардумамон аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ танқисӣ накашанд ва муҳтоҷи дигарон нашаванд.

Ҳамчунин, мо бояд минбаъд низ талаботи қонун дар бораи танзими расму ойинҳоро риоя кунем, ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, ба исрофи нон ва дигар маводи ғизоӣ роҳ надиҳем, яъне ношукрӣ накунем.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки вазъи таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми дунё вазнин аст ва ҳастанд кишварҳое, ки имрӯз сатҳи қашшоқӣ ва фақр дар онҳо торафт афзуда истодааст.

Бинобар ин, мову шумо ҳолати имрӯзаи ҷаҳонро ҳазл нашуморем.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҷавонон ва занону бонувони бонангу номуси кишвар, соҳибкорони ватандӯст ва ҳамаи шахсони саховатпешаро даъват мекунам, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ ҳар рӯзро самаранок истифода карда, корҳои ободониву созандагии Ватани маҳбубамонро вусъат бахшанд.

Итминон дорам, ки мардуми бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Бори дигар кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.

Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2021.