Мулоқот бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ

Мулоқот бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишвари мо барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди сабз “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намудааст. Тоҷикистон имкон дорад 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардад.

Бо дарназардошти захираву имкониятҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика, пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ду кишвар саҳм гузорад.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар таъсиси “Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ” зарур шумурда шуд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯст саҳми босазо мегузоранд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ

Мулоқот бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот карданд.

Дар рафти суҳбат масоили ҳамкорӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Баргузории Форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” омили муҳими густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша карданд.

Дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо саҳми босазо мегузоранд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавозии самимонаи дӯстони қатарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дидору гуфтугӯи имрӯзаро идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро муҳокима карда, нақши парлумонҳо ва Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатии ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардид.

Масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар арсаҳои гуманитариву фарҳангӣ низ мавриди муҳокима қарор доштанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари давлатӣ дар Давлати Қатар

Оғози сафари давлатӣ дар Давлати Қатар 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Қатар доктор Муҳаммад ибн Солеҳ ал-Хулайфӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат идона оро ёфта, аксҳои сарони давлатҳо гузошта шуд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид. 

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26.12.2023

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

 

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар қолаби ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин зимн масоили таҳкими муколамаи сиёсӣ дар чорчӯби Иттиҳод, ҳамчунин, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои иштирокчӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амният ба ҳайси вазифаҳои рӯзмарра муайян гардиданд.  

 

Ҳамзамон бо ин, мубодилаи афкор атрофи доираи васеи масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Иштирок ва суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28)

Иштирок ва суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) 02.12.2023

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим дар робита ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд.

Ба таъкиди Сарвари давлат офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо, ба гуфтаи Пешвои миллат, метавонад дар оянда ба ҳаҷми захираҳои оби минтақа таъсири ҷиддии манфӣ ворид намояд.

Дар ин зимн зикр карда шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои рушди ҳамкориҳои тарафҳои манфиатдор дар ин самт заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.

Сарвари давлат бо истифода аз фурсат ба ҳамаи кишварҳои Гурӯҳи 77 ва Чин барои мунтазам дастгирӣ намудани ин ва дигар иқдомҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об миннатдорӣ баён намуданд.

Тоҷикистон бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва бар пояи муқаррароти Созишномаи Париж Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 таҳия намудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки айни замон яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж, ташаккули “иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои ҳалли муваффақи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди “иқтисоди сабз” мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди “энергияи сабз”-ро ба миён меорад.

Тоҷикистон, ки аз рӯйи нишондиҳандаи фоизии истеҳсоли “неруи сабз” дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, аз рӯйи ҳиссаи ночизи худ дар ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ дар мақоми мусбат қарор дорад.

Чуноне, ки Пешвои миллат қайд намуданд, кишвари мо ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои “иқтисоди сабз” Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2037 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Ин санад истифодаи самараноки обу замин, маъданҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар ин самт дар назар дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши истеҳсоли “энергияи сабз”-ро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, номбар намуданд.

 Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад.

Барои Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешбурди “иқтисоди сабз” танҳо бо маблағҳои буҷетӣ мушкил аст.

Бо дарназардошти чунин ҳолат ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми кишварҳои пешрафта дар самти рушд ва таҳкими иқтидори кишвар дар ин ҷода зарур шумурда шуд.

Аз давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳимми мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкории худро минбаъд ҳам идома диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо менамояд.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйир ёфтани иқлим, бо назардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, саҳми худро хоҳад гузошт.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб

Иштирок дар ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 02.12.2023

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи Конференсияи 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабинии сатҳи баланди “Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ибтикори кишвари мо дар чорчӯби Конфронси мазкур доир гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳаммияти қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва санаи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ҳамчунин дар чорчӯби Созмони Милал таъсис додани “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд.

Мавриди зикр аст, ки қатъномаи мазкури Созмони Милал аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ эътироф намуда, вобастагии пиряхҳо ва иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устуворро ифода мекунад, таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Жунхуа, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, Котиби иҷроияи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба океанография, ёвари директори генералии ЮНЕСКО Владимир Рябинин, ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман, мушовири калони махсуси идораи Президенти осиёии рушд оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Варрен Еванс иштирок доштанд.

Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ташкил мегардад. 

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 шомил шуда, Созишномаи Парижро соли 2017 ба тасвиб расонидааст.

Тибқи муқаррароти қаблугардида, Конфронси тарафҳои Конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки дар ҳошияи Конференсияи 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати пешгирифтаи кишварҳои аъзо дар самти иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишҳо, вохӯриҳо ва павилионҳо ташкил карда мешаванд. 

Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар ҳошияи Конфронси мазкур дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад. 

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим

Иштирок ва суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) 02.12.2023

Муҳтарам хонум Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон.

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб барои баргузории иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, рӯ ба рӯйи пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об дучор мешавад.

Мо аз офатҳои табиии марбут ба об, ки дар ҳолатҳои алоҳида ҳатто боиси талафоти ҷонӣ мегарданд,  ҳамасола зарари зиёди молию моддӣ мебинем. 

Ба мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 татбиқ менамояд.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин Стратегия, инчунин кӯмаки молиявии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла барои баланд бардоштани иқтидор ва интиқоли технологияҳои сабз зарур мебошад.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо ҷойи 130-юмро ишғол менамояд.

Яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо кишвари мо дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол менамояд.

Кишвари мо, ҳамчунин, яке аз кишварҳои пешсафи сайёра аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Мо ният дорем, ки дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-ро ҳамчун заминаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш диҳем.

Дар ин замина бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояву технологияҳои “сабз” ба иқтисод аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи рушди иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037 қабул гардида, мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, Тоҷикистон тадбирҳои амалиро дар самти истифодаи оқилонаи обу замин ва  технологияи муосир барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ меандешад.

Муҳтарам хонум Раис,

Тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад.   

Харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.

Дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад.

Даҳсолаҳои охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи шаст фоизи обҳои минтақаи мо мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст.

Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки саҳми молии аввалияи худро ба ин Фонди мақсаднок гузорад.

Умед дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ дар ин Фонд ҳиссагузор хоҳанд буд.

Итминон дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, дар татбиқи саривақтии дигар ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба об, бахусус натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор гардид, саҳм хоҳад гузошт.

Мо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар татбиқи рӯзномаи глобалии обу иқлим минбаъд низ талошҳои худро идома хоҳем дод.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ