Семинари омӯзишӣ бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур

18 январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф” семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкурро муовини аввали ректори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ Бобозода Ш.Қ. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба оқибатҳои хисороти ин падидади манфӣ ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Дар идомаи чорабинӣ намояндагони раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иштирокчиёни семинар вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карданд. 

 

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва дар ин замина баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ба афкори умум мерасонад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ