Вохурии кормандони Агентӣ бо мақсади муаррифии нуқтаҳои асосии Паём

 Давоми моҳи марти соли 2023 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардидааст, бо масъулини 15 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии судманд доир гардид.

    

 Дар ҷараёни вохӯри ба иштирокдорон мазмуну муҳтавои нуктаҳои Паёми Сарвари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таълиму тарбияи ҷавонон, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва амсоли инҳо, ки боиси баланд шудани масъулият ва ҳисси миллию ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат мегардад, фаҳмонида дод шуд.

 

 Дар фарҷом иштирокчиён атрофи мавзӯъ ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ