Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол - 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия

 

14 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол - 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар маросими кушодашавии Мусобиқоти футбол дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ ва дигарон иштирок карданд.

Дар рӯзи нахустини кушодашавии мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол аввалин шуда, тимҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Бозиҳои футбол ва рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт - Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Россия гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин навъи варзиш дар саросари мамлакат хусусияти оммавӣ касб намуда, рушд карда истодааст.

Соли 2014 бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии амиқи Пешвои миллат барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар 2014 - “Соли оммавияти футбол” эълон гардида, дар доираи он инфрасохтори ин навъи варзиш хеле тараққӣ кард.      

Дар натиҷа дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба чемпионатҳои Осиё роҳхат гирифта, тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои машҳури ҷумҳурӣ борҳо бо дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.