Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Иштирок дар чорабинии Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор”

22 марти соли 2018 дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” иштирок ва суханронӣ карданд.

 Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони ҳамоиши мазкур изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки гидроэнергетика омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя,  дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад.

Таъкид гардид, ки азхудкунии муштараки ин иқтидори азим метавонад ба ҳалли фарогири як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Аз ҷумла, ин тадбир дар навбати аввал ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об  дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад. Дуюм баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мусоидат сурат гирад. Дар ниҳоят истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки чорабинии имрӯза дар мавриди муҳокимаи вобастагии мутақобил байни захираҳои об ва энергетикӣ, инчунин барои таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи фарогир, оқилона ва устувори захираҳои табиӣ саҳми иловагии худро хоҳад гузошт.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ниҳоди  СММ-Об, ЮНИСЕФ ва дигарон баромад карда, ҳалли мушкилоти обро аз маъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ арзебӣ карданд ва ба ҷониби Тоҷикистон барои пешниҳоди тадбири навбатӣ баҳри ҳаллии мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд доданд.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.