Мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Баскетбол»
Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябр то 01 ноябри соли 2019 мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Баскетбол» баргузор гардид.
Тибқи Низомномаи гузаронидани мусобиқаи варзишии «Баскетбол» 10 дастаҳои яккачини воҳидҳои сохтории Агентӣ дар фазои дӯстона ва бо як маҳорату малакаи хуби варзишӣ рақобат варзиданд.
Ҳамин тариқ, дар давраи ниҳоии мусобиқаи зикргардида дастаи Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо дастаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ савзовори мақоми аввал ва дастаи Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Мақоми сеюмро бошад дастаи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд соҳиб гардид.
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа Директори Агентӣ, генерал-майори адлия, муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид ғолибонро табрику муборакбод намуда, онҳоро бо ҷоми мусобиқа ва ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.
Маркази матбуоти Агентӣ.










