Қаллобӣ ҳамчун манбаи даромади корманди СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 Шарипова Мадина Пирмаҳмадовна ҳамчун назоратчӣ-прапоршики бригадаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Ахмедова Матлуба Сунатовна ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангов Раҷабалӣ Саломович тахминан моҳҳои январ-марти соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барқарор намуданаш маблағи 1500 доллари ИМА талаб карда гирифта, байни худ тақсим намуданд.

         Дар натиҷаи ин кирдори қасдони номбурдагон ба шаҳрванд “А” зарари калони моддӣ расонида шуд.

         Оиди ин ҳолат нисбати Шарипова М.П., Ахмедова М.С. ва Сангов Р.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. 

Чоп намудан E-mail