Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” дар шаҳри Гулистон

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” дар шаҳри Гулистон   29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди “Мурғи бебаҳо” дар доираи тантанаҳои ҷашни бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳад Ϗодиров дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардида, дорои шароити муосири кору хизматрасонӣ мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави парандапарварӣ дар масоҳати наздики 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чуҷа барои истеҳсоли гушти парҳезӣ омода карда мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 12 нафар сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.  

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи стандарти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ буда, ҳавои дохили иншоот бо истифода аз таҷҳизоти махсус мунтазам ва таври автоматӣ тоза нигоҳ дошта мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, дар он   25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ҷалб шуданд.  

Корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гушти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истехсолӣ пешниҳод намояд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат маҳсулоти корхона аз қабили гушту тухм ва хуроки паранда намоиш дода шуд.

Дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкор ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гуштӣ пешбинӣ шуда, дар ин замина 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.    

 Бинои сардхона дар масоҳати 768 метри муррабаъ ҷойгир буда, дар он барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили иншоот 7 таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст, ки ин тадбир ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани дилхоҳ маҳсулоти зудвайроншаванда дар тамоми фасли сол мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки иншоот дар ҳудуди шаҳри Гулистон аввалин буда, дар оянда дар доираи тадбирҳои созанда шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ афзун мегардад.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона

Ифтитоҳи фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона  29.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшиданд.

Фабрикаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” дар доираи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар корхона 4 иншооти парандапарварии усули бройлерӣ, бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудаааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Тибқи технология ва қоидаҳои зооветеринарӣ чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограм вазн мегиранд ва барои забҳу истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.

Иқтидори фабрика истеҳсоли дар як марҳила 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад. Яъне, соҳибкорони ҷамъияти “Ганҷи Сомон” дар таъмини бозори дохилӣ бо гушти парҳезӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, танзими ҳарорати дохили мурғхонаҳо, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо, иҷрои қоидаҳои зооветеринарӣ, санитариву беҳдоштӣ тавассути технологияи компютерӣ ва усули пешрафта амалӣ карда мешавад.

Дар корхонаи нави парандапарварӣ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Музди миёнаи меҳнати коргарону мутахассисон 1500 сомонӣ буда, муассис нақша дорад аз ҳисоби даромади минбаъдаи корхона музди меҳнатро боз баланд бардорад.

Тибқи нақшаи дурнамо соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми фабрикаро дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки дар муҳлати наздик ин корхонаи парандапарварӣ, марҳилаи дуюми он ва корхонаи хӯроки омехтаи чорвою паранда, ки фаъолият дорад, якҷо ба як комплекси калону муосири парандапарварӣ табдил меёбад.

Сарвари давлат ба соҳибкор дастуру маслиҳат доданд, ки инкубатори чӯҷабарорӣ, коргоҳҳои забҳи паранда, коркарду банду басти гӯшти паранда, анбор-сардхона сохта, дар минбаъда комплекси мукаммали парвариши паранда ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расонидани гӯшту маҳсулоти гӯштии аълосифати парандаро таъсис диҳанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.

Дар гӯшаи намоишӣ тухми инкубатсионии парандаи зоти бройлерӣ, 9 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда дар банду басти ҷолибу хоса, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои парандапарварию коргоҳҳои банду басти соҳа омода гардидааст, ҳамчунин, анвои хӯрокаи паранда ва нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратии корхона барои ояндаи наздик муаррифӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ ба соҳибкорону мутахассисон ва масъулони соҳа дастур дода шуд, ки ин ва дигар корхонаҳои парандапарварӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯшгоҳҳои фирмавӣ ва тарабхонаву ошхонаи таомҳо аз гӯшту маҳсулоти гӯшти паранда таъсис диҳанд.

 
 

Чоп намудан E-mail

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд   29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – аҳли илму фарҳангу адаб, зиёиён ва ҷавонон Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва дар фазои шукӯҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.

Гуруҳи ҷавонон, аҳли фарҳанг ва духтарони атласу адраспӯш бо иҷрои суннатҳои наврӯзи аҷдодӣ шукргузории хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум, ифтихору сарбаландии хешро аз ташаббусҳо ва эътирофи Пешвои миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода намуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанб

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  13.03.2023

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Ҳамчунин дар ошёнаҳои болоӣ ду маҷлисгоҳи дигар барои 100 нафар, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ сохта шудааст. 

Бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гузоштани санги асос барои бунёди роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе

Гузоштани санги асос барои бунёди роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе  13.03.2023

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои азнавсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд.

Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушҳолӣ аз иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе дар самти бунёди роҳу пӯл ва гузаргоҳҳои замонавӣ коргарону мутахассисонро барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вазифадор намуданд. 

Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хатти алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар оянда 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пӯл дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пӯл дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта ба истифода дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахссисонро ба иҷрои босифати корҳо ҷалб намуда, супориш доданд, ки роҳ дар муҳлати 2,5 сол мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шавад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷию оромии Ватани маҳбуб иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ҳамин гуна бунёду ба истифода додани роҳҳои замонавӣ мусоидат мекунад, ки беназир аст. 

Ҳамзамон дар ҳамин рӯз техникаю механизмҳо ва масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоров истифода мегардад, муарифӣ карда шуд. Қисми зиёди масолеҳи сохтмонии истифодашаванда, аз ҷумла тахтасангҳои оҳану бетонӣ, қубур бо андозаҳои гуногун, асфалт дар шаҳри Душанбе истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмуъ масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳ истифода карда мешавад, ба ғайр аз битум пурра истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ техникаву менанизмҳои муосир истифода карда мешавад. 

Бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоровро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто-гурӯҳ» анҷом медиҳад.

Азнавсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ва зебогӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад. Амалишавии чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳаву имкониятҳои васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе бори аввал сурат мегирад.

Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳ, пӯл ва гузаргоҳҳои дусатҳаи замонавиро дар шаҳри Душанбе намунаи асосии амалишавии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷиҳати ба пуррагӣ раҳои бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникаистонӣ арзёбӣ карданд.

Зимни муаррифии нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот дода шуд, ки бунёди роҳҳои чанд кӯчаву хиёбон ва гузаргоҳҳои дусатҳа оғоз мегардад.

Сохтмони роҳҳои дусатҳаи кӯчаи Қаҳҳоров дар буриши хиёбони Неъмат Қарабоев, дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо азнавсозии пӯли болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Садриддин Айнӣ бо азнавсозии пӯли роҳи оҳан оғоз мегардад. Ҳоло охирон корҳо барои асосноккунии техникӣ идома дорад.

Ҳамзамон оянда бунёди роҳ аз кӯчаи Қаҳҳоров то дарвозаи Шарқӣ бо дарозии 11,2 километр, 8 хати ҳаракат аз ду самт ва як роҳи дусатҳа, сохтмони роҳ аз маҳаллаи Чортут то маҳаллаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат бо дарозии наздики 40 километр бо 6 хати ҳаракат аз ду самт, як пӯл ва 4 гузаргоҳи дусатҳа дар назар аст.   

Имрӯз дар доираи иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳадафи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди роҳу пӯл ва гузаргоҳҳои дусатҳаву сесатҳае равона карда шудааст, ки хизматрасонии роҳу нақлиётро дар пойтахти мамлакат ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ мегардонад.

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани бинои Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллӣ дар шаҳри Душанбе

Ба истифода додани бинои Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллӣ дар шаҳри Душанбе   13.03.2023

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда шинос гардида, барои баланд бардоштани савияи донишу корбарии дуруст бо хонандагон ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво буда, барои таълиму тарбияи хонандагон синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Инчунин дар Литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад. Дар ин баробар, дарси омодагии дифои ҳарбӣ низ дар синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Ба хотири соҳибҳунар намудани таълимгирандагон, дар дохили бинои нав 3 синфхонаи алоҳидаи омӯзиши касбу ҳунар барои писарон ва духтарон ташкил гардида, дар ин ҷо онҳо малакаи кандакорӣ, дӯхти сару либос ва омодакунии ҳар гуна таъомро аз бар менамоянд. Ҳамчунин бинои нав дорои ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ бо тамоми дастгоҳҳои зарурии корӣ мебошад.

Бинои нав ҳамчунин дорои ошхона бо 216 ҷой буда, толори маҷлисии он низ бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд гардидааст. Ин толор дорои 330 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ мусоид мебошад.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба хотири рушди намудҳои гуногуни варзиш дар Литсей толори алоҳидаи варзишӣ бунёд ёфта, он барои навъҳои гуногуни варзиш, ҳамсони волейболу баскетбол ва футбол пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар назди бино ду майдони алоҳидаи дигари футболу волейбол ташкил гардидааст, ки барои гузаронидани тамринҳои гуногун мусоид мебошад.

Бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бунёд гардида, ин иқдоми соҳибкор мушкилоти муассисаро дар самти фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ба пуррагӣ ҳал намуд.

Бунёди бинои нави Литсейи равияи таббиию риёзӣ аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳсуб гардида, ба ин васила дар Литсей барои азбаркунии ҳамаҷонибаи илмҳои табиию риёзӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуд.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Роҳбарият ва омӯзгорони Литсей вазифадор шуданд, ки шароити мазкурро хубу ҳамаҷониба истифода бурда, барои соҳибилм намудани кӯдакону наврасон садоқатмандона кору фаъолият намоянд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Глобал скул) дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Глобал скул) дар шаҳри Душанбе  13.03.2023

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Global school)-ро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.  

Муассисаи нави таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани иқдомот дар самти рушди соҳаи маориф, хоса баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли наврас аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг» таъсис дода шудааст.

Мактаби замонавӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна иборат мебошад ва дар масоҳати беш аз 27 садяк замин ҷойгир шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанбе   13.03.2023

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Дар асоси лоиҳа бинои Раёсат сеошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат буда, барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст.

Маҷлисгоҳи бинои Раёсат 70 ҷойи нишаст дошта, бо нишастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонда шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ ва дигар таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар китобхона дар баробари китобҳои соҳавӣ номгӯйи зиёди асарҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд, ки минбаъд кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити бинои навбунёди Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят намуданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ