Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ  05.07.2023

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, парчамро парафшон намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметан дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он барои сайру гашти сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам карда шудааст.

Иншоот дар масоҳати 1000 метри мураббаъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкори ватандӯст Шаҳбоз Қодиров бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонию ободониро дар иншоот мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшонсохтмон” дар муддати кутоҳ бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва тарҳи муосир анҷом додаанд.  

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Урметан дар умум бо таҳкурсиаш 35 метрро дар бар мегирад.

Матои Парчам 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 400 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, дар он суҳбаткада ва нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Деворҳои атрофи иншоот бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Бо мақсади таъмини рушноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ чароғаҳо насб гардида, шабона ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ дар замири шаҳрвандони мамлакат, махсусан наврасону ҷавонон дар марказ ва деҳоти аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ва парафшонии ин рамзи муаррифкунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалиро дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, махсусан наврасону ҷавонон туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ

Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ  05.07.2023

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро ифтитоҳ намуданд.

Корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи навбунёди тандурустӣ дорои 2 ошёна ва таҳхона буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраи хатнаи кӯдакон, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.

Беморхона дорои 90 ҳуҷра аст, ки дар онҳо шароити арзандаи кору фаъолият ва хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва дигар технологияи муосири ташхису табобат имкон медиҳад, ки ба сокинон хизматрасонии босифати тиббӣ расонида шавад.

Дар беморхонаи тозабунёд барои ба табобат фаро гирифтани беморон 45 кати хоб мавҷуд аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави беморхонаи минтақавӣ шумораи кормандон аз 35 ба 80 ва қабули беморон бошад, ба 100 нафар расид.

Сохтмони бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан аз иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, тариқи он ба 25 ҳазор сокинони 7 деҳа хизмати босифати тиббӣ расонида мешавад.

Тибқи лоиҳа Маркази саломатии деҳаи Урметан дар таҳхонаи бинои Беморхонаи минтақавӣ ҷойгир карда шудааст, ки он дорои шароити хуби корӣ мебошад.

Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикэлитсохтмон” сохта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар беморхонаи мазкур, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони деҳоти Урметан муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ

Ифтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ  05.07.2023

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ “Қасри паҳлавонони суғдӣ” ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави соҳаи варзиш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи варзиш ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шудааст.

Минбаъд наврасону ҷавонони деҳоти Урметан метавонанд, дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, маҳорату малакаи варзишии худро баланд бардоранд.

Дар бинои навсохти “Қасри паҳлавонони суғдӣ” барои ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудан, аз ҷумла гуштини миллӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Толори варзишии болопӯшида барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ мувофиқ аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида, таъкид намуданд, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз чунин имкониятҳо метавонанд, ҳамчун варзишгарони касбӣ омода шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардоранд.

Дар шафати толори варзишии болопӯшида ҳамчунин, майдончаи варзишӣ бо дарозии 60 ва паҳноии 30 метр сохта шудааст.

Бо шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкан саҳн ва атрофи толори варзишии болопӯшида ва майдончаи варзишӣ ба як мавзеи ободу зебо табдил ëфтааст.

Сохта ба истифода додани толор ва майдончаи варзишӣ дар ин деҳоти дурдасти мамлакат шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Айни 63 майдонча ва 25 толори варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2022 варзишгарони ноҳияи Айнӣ бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 10 медали тилло, 16 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гарданд.

Лозим ба таъкид аст, ки наврасону ҷавонони ноҳияи Айнӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд доранд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти соҳа намудҳои гуногуни варзиш боз ҳам рушд хоҳад кард.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ

Ифтитоҳи Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ  05.07.2023

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” оғоз бахшиданд.

Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Корхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.

Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад.

Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон - “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” сурат мегирад.

Кони “Кумарғи боло” қариб 4 ҳазор метр ва “Дуобаи шарқӣ” дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Барои истихроҷ ва коркарди маъдан раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи аврупо мебошад, васлу насб карда шудааст. Раванди истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхона бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила - истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони “Кумарғи Боло” рӯизаминӣ ва дар “Дуобаи Шарқӣ” зеризаминӣ мебошад. Дар кони “Дуобаи Шарқӣ”, ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.

Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.

Мавзеи Дуобаи Шарқӣ дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ва риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро талаб намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта душвор мегардад.

Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ иншооти ҳифзи муҳити зист бунёд карда шудааст.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхонаи маъдантозакунии ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки бунёди чунин корхонаи азими истеҳсолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор мебошад.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава  12.06.2023

12 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакаваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд давоми 25 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷаноби Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт. Инчунин рушди соҳаи энергетика ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи самтҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд арзёбӣ гардиданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб   08.06.2023

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеъи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро  муаррифӣ карданд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона ва неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд.

Табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷро ба худ ҷалб менамояд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баъди тамошои табиати нотакрори қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб аз манзараҳои дилкашу обҳои мусаффо ва ҳавои тоза таасуроти нек бардоштанд.

Чоп намудан E-mail

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  08.06.2023

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шуда, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон санги асоси бузургтарин масҷиди ҷомеи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки баъди гузоштани санги асоси бунёди иншоот мутахассисони варзидаи соҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар пас аз омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷониба лоиҳаи Масҷиди ҷомеи марказии Душанберо таҳия карданд.

5 октябри соли 2011 корҳои сохтмони иншоот оғоз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи бунёди масҷиди ҷомеъ ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзиданд.

Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст.

 Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.

Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст.

Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.

Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ  ҷойгир шудааст.

Намои берунаи бинои иншоот 62393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст.

Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст.

Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.

Қобили таъкид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳову даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороиши дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст.

Ин на танҳо як масҷид, балки пойгоҳи замонавии фарҳангу таърихи исломӣ буда, толорҳои он тавре бунёд шудаанд, ки дар онҳо чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Дар ин иншоот, корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “СТС-Иншоот” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди он беш аз 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳод ва иштироки бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2018 дар паҳлуи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе сохтмони Донишкадаи исломии Тоҷикистон оғоз гардид.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бунёди Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи исломӣ гувоҳи равшани сиёсати Пешвои миллат ва давлати Тоҷикистон доир ба дин, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мебошад.   

Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, ба забони тоҷикӣ нашр кардану дастраси мардум гардонидани Қуръони карим ва дар сатҳи милливу байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Роҳбари муҳтарами давлати мо мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд дар ҷаҳони ислом расонидаанд.

Ҳамин аст, ки номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.   

Қобили зикри хос аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам чор дафъа зиёрати хонаи Каъбаву равзаи Пайғамбари исломро (с.а.в) ба анҷом расонида, ду бор ба дохили Каъбатуллоҳ ворид шудаанд.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар  08.06.2023

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 15 санади нав ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар оид ба истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ;

- Ёддошти тафоҳум дар соҳаи савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар;

- Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти стандартизатсияи ва метрологияи Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти табиии он;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон;

- Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкории ҳарбӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авқоф ва корҳои исломӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар барои солҳои 2023-2025.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ